Нашрияи Омӯзгор

Умре дар роҳи тарбия

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

«Хурд будам. Тақрибан ҳафт сол доштам. Зери пойҳоям курсича мегузоштаму худро ҳамчун муаллимаи ҳақиқӣ пиндошта, ба дугонаҳоям дарс медодам. Қиссаю афсонаҳо гуфта, шеър қироат мекардам».

Ин як саҳифаи пурҷило аз китоби хотироти Оишахон Саидова буд. Он кас аз хурдӣ омӯзгор шуданро орзу мекарданду дар партави ин ният баландтарин қуллаҳои маърифату маънавиятро фатҳ карда, 43 соли умри хешро барои тарбияи насли наврас бахшиданд. Алъон 15 нафар шогирдашон касби устоди хешро давом дода истодаанд. Ман ҳамчун шогирд мехоҳам чанд лаҳзаи дарси модари маънавиамро рӯи авроқ биёрам.

Ҳама пуртакопӯ, қалбҳои ташнаи дониш дар тапиш, чашмҳои муштоқ интизори омадан, синф орому хамӯш. Ниҳоят, садои соат аз оғози дарс башорат доду пас аз чанде муаллима вориди синфхона гаштанд. Аз ҳар яки мо вазифаи хонагиро пурсида, мавзӯи навро баён карданд. Рӯзгор ва фаъолияти адабии Ҳофизи Шерозиро чунон нақл карданд, ки он ҳама лаҳазот ва шебу фарози ҳаёти Ҳофиз дар пеши чашмонамон ҳамчун наворе падидор гашт. Аз иродаву дониш ва қобилияти фитрии Ҳофиз хеле мутаассир гаштем. Як ҷанбаи вижаи дарси устод ин буд, ки мавзӯъро аз ягон ҷиҳат бо замони муосир мутобиқ кунонида, ҷиҳати тарбиявии дарсро дучанд мекарданд.

Пас аз баёни мавзӯъ яке аз ҳамсинфонам савол дод:

– Муаллимаҷон, барои чӣ мо рӯзгору эҷодиёти шоирон ва намояндагони дигари адабиётро меомӯзем? Сабаби арҷ гузоштан ва сирри пас аз ҳазорон сол ҷовидон боқӣ мондани номи эшон дар чист?

Муаллима бо табассуми малеҳ ҷавоб доданд:

– Ниёгони мо асрори ҳаётро хуб дарк намуда, умри пурбаракати худро танҳо ба омӯзиш сарф карданд. Дар натиҷа мероси мондагореро баҳри мо боқӣ гузоштанд. Ҳамин чакидаҳои хомаи шоирон номи эшонро то абад дар ҷаридаи олам сабт намуд. Шумо низ бояд ҳар лаҳзаи умри худро ғанимат шумурда, дар пайроҳаи дониш бошед. Ман дар симои ҳар яки шумо шахсиятҳои бузурги ба халқу Ватан вафодорро мебинам.

Аз ин суханони муаллима ҳамаи мо рӯҳбаланд гаштем. Шояд ҳамин эътимоду ихлоси самимонаи муаллима буд, ки мо, толибилмон, ба қувваи зеҳнии хеш бовар ҳосил намуда, набзи зиндагиамон тағйир ёфт.

Гуфтори басо пурҳикмат ва қалбе чун дарё бузург доштанд. Фитрату олами ботинии Оишахон Саидова монои ақиқи сайқалёфтае буд, ки дар он меҳри бемунтаҳо инъикос мешуд. Нигоҳи гарму маънидор, сухангӯии оромона, услуби хоси таълимдиҳӣ, ҳатто андешамандона роҳ гаштанҳои устодам бароям дарси ибрат буд. Боре суол кардам, ки лаҳзаи хотирмон ва фаромӯшнашавандаи ҳаёти хешро нақл кунанд.

– Лаҳзаҳои хотирмон зиёданд. Вақте шогирдонам дар озмун ғолиб меоянд, он рӯз бароям беҳтарин рӯз аст. Зеро пирӯзии онон самараи заҳмати ман аст, - гуфтанд муаллима.

Камина низ бо роҳнамоии устодам муддати ҳафт сол ба олимпиадаи мактаббачагон омодагӣ гирифтам. Дар рӯзҳои оғози озмуни вилоятӣ устодам бемор гашта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Вақте ба дидорбиниашон рафтам, бароям коғазу қалам дода гуфтанд, ки дар ҷустуҷӯю пажӯҳиш бошам, зеро комёбӣ наздик аст. Яъне, ҳатто дар ҳолати беморӣ дар фикри мо, хонандагон, буданд.

Ниҳоят, пас аз заҳмату бедорхобиҳо сазовори медали тилло гаштам. Муаллимаи азизам ҳангоми таҷлили ин пирӯзӣ дар назди хонандагону муаллимон гуфтанд:

– Ҳамкорони азиз, талабагони меҳрубон, одам он вақт ба қадри саломатӣ амиқ мерасад, ки бемор шавад. Вақте ки се моҳ бемор будам, фаҳмидам, ки мактаб барои ман чӣ қадар азиз, шогирдонам бароям ниҳоят қаринанд. Ҳамкоронам дӯстони ҷонии мананд. Ман фаҳмидам, ки аз мактаб дур будан бароям монанди аз об дур афтодани моҳист. Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам.

Афсӯс, ки ин охирин суханронии муаллимаи хуршедфитратам дар назди омӯзгорону толибилмон буд.

Дар ҳақиқат, муаллимаи ман касби омӯзгориро на ҳамчун касб, балки ҳамчун рисолату сарнавишт ва чун ишқ қабул намуда, донандаи босафои ин ишқ буданд. Ва ман донаи зери хоке будам. Маҳз бо оби илтифоту марҳамати устодам ба сӯи рӯшноиву хуршеду нур сар боло намудам. Ҳамчун гули парвардаи меҳри устодам дар муассисаи худ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон дарс медиҳам. Ташаккури бепоён ба устод, ба меҳру ихлос ва самимияти он кас.

Маҳина ҒАФФОРОВА,

омӯзгори мактаби №24,

 шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш