26 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карданд.
Бинои наву замонавии боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.
Ин боғча дорои утоқҳои барҳаво, хонаи қабули кӯдакон, хонаи таълимӣ, хонаи хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои хӯрокворӣ ва 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказ мебошад.
Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат аз тарбиятдиҳандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.
Preziden.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр