Нашрияи Омӯзгор

Давои лакнати забон

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Равоншиносони варзида  Рендал Марк ва Роҷер Зан дар Умия ном шаҳри Канада маҳфили машҳури ашхоси забонашон лакнатдорро созмон додаанд. Ҳамаи аъзо ва ходимони ин маҳфил дар талаффузи дурусти калимаҳо ва овози ҷумлаҳо азоб мекашанд.

Маълум мешавад, ки гирифторони  лакнати забон муддати дароз бо ҳам нишаста, гумон мекунанд, ки аҳли олам ҳама бо лакнат сухан мегӯянд. Ҳамин тариқ, онҳо худро баробари дигарон саломат пиндошта, оҳиста – оҳиста шифо меёбанд. Баъди шифо ёфтан онҳоро зуд аз узвияти маҳфил хориҷ месозанд.

Модарон дар бало мондаанд

Дар Флорида барои кам кардани ҳодисаҳои дарсгурезӣ қонуне қабул кардаанд, ки мувофиқи он, агар фарзандон дарсгурез бошанд, волидонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар асоси ин қонун хонума Пер Виерла, ки ду духтараш  тӯли як соли таҳсил дар сад машғулият иштирок накардаанд, аввалин шуда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.   

Дили сунъӣ

Ҷарроҳони бемористони  яҳудиёни назди Донишгоҳи Луисвилл (Контуккӣ) як амалиёти ҳангомабор анҷом доданд. Онҳо ҳафт соат заҳмат кашида, дили бемори панҷоҳсоларо бо дили сунъӣ иваз карданд. Бемор худро хуб ҳис мекунад ва марҳилаи истироҳатро баъди ҷарроҳӣ аз сар мегузаронад.

Дили сунъӣ як килограмм вазн дорад ва аз метали титан ва маҳсулоти пластикӣ сохта шудааст. Ин механизм аз неруи батареяи электрикӣ ба кор медарояд. Неру бе ноқил, аз тариқи пӯст интиқол меёбад. Агар санҷиши дили сунъӣ бомуваффақият анҷом ёбад, саноати истеҳсолу истифодаи он васеъ ба роҳ монда хоҳад шуд.

То кунун қисмҳои алоҳидаи дил ба қисмҳои электронии сунъӣ иваз мешуданд ва ивази пурраи дил ба механизми сунъӣ ҳангомаи тоза аст.

 

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш