Нашрияи Омӯзгор

Тарбият рушдбахши лаёқат аст

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Сироҷзода

-Муаллими муҳтарам, маълум, ки таълимгоҳҳои намуди нав (аз ҷумла, литсейҳо) падидаҳои даврони истиқлоли кишваранд ва нахустҳадаф аз таъсиси онҳо такмили сифати таълим ва омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида мебошад. Биёед, суҳбатамонро ҳамбаста ба ҳамин нукта оғоз бубахшем.

-Хеле хуб. Пеш аз ҳама, таъкиди он ҳақиқат хушоянд аст, ки истиқлоли Тоҷикистон, ки соли оянда сисола мешавад, барои рушди маориф дар мамлакат шароити созгор фароҳам овард. Сохтори мактабҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, усулҳои таълиму тарбия, мундариҷаи таҳсилот, тариқи идораи дабистонҳо, фаъолияти масъулини соҳа… бознигарӣ шуданд ва рушди маорифи миллӣ ба мавқеи аввал баромад, ҷанбаи миллии таҳсилот афзалият пазируфт. Барои устуворсозии пояҳои истиқлол, бунёди ҷомеаи навин ва равнақи  созандагиҳо дар ҷумҳурӣ дар оянда мутахассисони варзида ва бозгӯй ба талаботи замони муосир, ки ба он инкишофи босуръати илму техника хос аст, лозим буданд. Дар ин самт тарбияву дастгирии хонандагони болаёқат, истеъдодҳои тозазуҳур омили муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба ин мактабҳои намуди нав-литсейю гимназияҳо арзи ҳастӣ карданд ва аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуданд.

Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе муассисаи таълимии давлатӣ буда, вобаста ба равияи табиӣ-риёзӣ бо мақсади омӯзиши фарогири фанҳои биология ва химия таъсис ёфтааст. Дар чунин таълимгоҳ кор кардан аз омӯзгорон ва таҳсил кардан аз хонандагон масъулияти ҷиддӣ тақозо дорад. Ин ҷо ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон ба тариқи озмун интихоб мешаванд ва талабот нисбат ба мактабҳои муқаррарӣ хеле бештар аст. Аҳли  литсей бояд ҳамвора бар он бикӯшанд, ки сазовори номи баланди таълимгоҳи хеш ва эътимоду бовари мардум бошанд. Бояд иқрор шавам, ки роҳбарӣ низ ба чунин дабистони бонуфуз коре андаку саҳл нест.

-Ҳар соли таҳсил ҷанбаъҳо ва падидаву ҳодисоти махсуси худ-ро дорост. Соли таҳсили сипаригашта аз ин лиҳоз барои литсейи шумо чӣ гуна соле буд?

-Дар соли таҳсили 2019-2020 таълимгоҳи мо, метавон гуфт, ки қадаме ҷиддӣ ва бафайз ба пеш ниҳод. Ҳамбаста ба «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои  солҳои 2015-2020» аҳли литсей фаъолияти худро тақвият бахшида, пеш аз ҳама, сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам боло бурданд ва эътиборафзои таълимгоҳамон гардиданд. Беҳтарин нишондиҳандаву рухдодҳои ҳар соли таҳсил марбут ба фаъолияти шогирдон аст. Хонандагони мо, аз як тараф, барномаи таълимро дар сатҳи баланд азхуд карда бошанд, аз тарафи дигар, дар як қатор озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ бомуваффақият ширкат варзиданд. То сухан ба дарозо накашад, чанде аз комёбиҳои шогирдонамонро дар соли таҳсили сипаригашта ба таври фишурда тавзеҳ мебахшам.

Аз 24 то 30 сентябр дар Ҷумҳурии Чин даври сеюми конфронси «Камарбанд ва роҳ» баргузор гардид, ки дар он хонандаи литсейи мо (синфи 9) Сарвиноз Мирвайсова дар бахши «Барномасози беҳтарин» ҷои аввалро ишғол намуд ва сазовори медали тилло, туҳфа ва дипломи дараҷаи як гардид.

Бо мақсади ташаккул додани донишу маҳорат, такмил ва инкишофи қобилияти амалии худ, сайқали малакаи истифодаи донишҳояшон дар ҳолатҳои ғайриқолабӣ (ғайристандартӣ) хонандагони литсей дар даври ниҳоии озмуни байналмилалии истеъдодҳо тариқи шабакаи ҷаҳонии интернет бо усули фосилавӣ ширкат варзида, дар қитъаи Осиё мавқеи аввалро ишғол карданд ва ҳамчунин, мутобиқи даъватномаи ташкилкунандагони ин озмун дар озмуни байналмилалии «Ҳамадонони сайёра-зимистони 2020», ки дар рӯзҳои таътили зимистона (аз 3 то 6 январи соли 2020) дар меҳмонхонаи «Измайлово»-и шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок карданд. Дар ин озмуни  байналмилалӣ хонандагони зиёда аз 30 давлати дунё ҳузур доштанд. Намояндагони Тоҷикистон - хонандагони литсейи  мо, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданду  гурӯҳашон «Сайёҳони наврас аз Тоҷикистони офтобӣ» ном гирифта буд, дар 4 бахш соҳиби ҷои аввал (медали тилло) ва дар 7 бахши дигар соҳиби  ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Мо шогирдони сарбаландамонро субҳи 7-уми январ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол гирифтем. Онҳо аввалин медалҳои олимпиадаҳои байналмилалиро дар соли равон ба захираи олимпии илми кишвар ворид карданд. Оид ба ин комёбии шогирдони мо шабакаҳои телевизионии кишвар намоишҳо пахш  намуданд.

Дар соли таҳсили гузашта хонандаи синфи 10 Фараҳноз Судурзода гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 нафар шогирди дигари литсей гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе буданд.

Дар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявии мактабиён 7 нафар хонандаи синфи 11 фаъолона иштирок намуда, ҳама сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Мувофиқи ин нишондод литсейи №2 байни дигар муассисаҳои таълимии типи нав ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Дастовардҳои хонандагони литсей дар соҳаи варзиш низ назаррас мебошанд.

Моҳи ноябри соли гузашта хонандаи синфи 7 Бахтовар Пӯлодов дар вазни 53 кг дар мусобиқаи байналмилалии бахши «таэквандо ВТ», ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, сазовори ҷои якум ва медали тилло гардид.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи «дзюдо» хонанда Умар Нозимов дар вазни 46 кг медали тилло ба даст овард.

Хонандагон Билол  Сайдалиев (синфи 7) дар мусобиқаи байналмилалии «Турнир-бокс» дар вазни 53 кг сазовори ҷои аввал – (медали тилло) ва Комрон Шеров (синфи 7) дар мусобиқаи байналмилалии «Тенниси касбӣ» сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардиданд.

Хонандаи синфи 8 Рухшона Умарова дар фестивали байналмилалии «The Planet of Art», ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ кард ва сазовори ҷои аввал гардид. Рухшона барои ин комёбиаш ба як қатор ҷоизаҳои соҳавии байналмилалӣ соҳиб шуда, ҳуқуқ пайдо кард, ки пас аз хатми литсей таҳсилашро дар яке аз давлатҳои Аврупо идома бахшад.

Умедворем, ки дар соли нави таҳсил шогирдони лаёқатманди мо ба комёбиҳои бештар сазовор мегарданд.

-Албатта, дар пешрафту комёбиҳои ҳар таълимгоҳ омӯзгорон нақши меҳварӣ доранд. Оё шумо аз фаъолияти омӯзгорони литсей қаноатмандед?

- Омӯзгор машъалафрӯзи маърифат аст ва олами дониш барои шогирдон аз ҳастии ӯ, аз нури хиради ӯ мунаввар мешавад. Ҳар қадар таълимгоҳ бо омӯзгорони фаъолу варзидаву ботаҷриба таъмин бошад, ҳамон қадар неруманду пешрав хоҳад буд. Ҳар дабистонро, пеш аз ҳама, омӯзгоронаш шуҳратёр мекунанд ва волидон аксаран ин ё он мактабро маҳз ба хотири омӯзгорони писандидааш интихоб менамоянду бо дили пур фарзандонашонро ин ҷо меоранд.

Мо ифтихормандем, ки дар таълимгоҳамон як ҳайати хеле бонуфузи омӯзгорон гирд омадаанд ва фаъолияти пурсамару  бавусъат доранду ба эҳтирому ихлоси волидон сазовор гардидаанд. Устодони мо ҳамеша дар канори шогирдонанд ва бо онҳо илова ба дарсҳои муқаррарӣ машғулиятҳои махсус, маҳфилҳо, суҳбатҳои озод, сабқату озмунҳо баргузор менамоянд. Ҳамкории пайваста бо волидон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти омӯзгорони литсей мебошад. Дар шӯроҳои методӣ, машваратҳои  илмию амалӣ, дар озмунҳои аҳли маориф низ  устодони мо ширкати ҳамешагӣ доранд ва иддае аз онҳо дар конфронсҳои илмию методии ҷумҳуриявӣ маърӯзахонӣ кардаанд. Дар баробари такмили ихтисос омӯзгорони литсей ба эҷодкорӣ машғул мешаванд ва мақолаву нигоштаҳояшон дар нашрияҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар ҳафтаномаи «Омӯзгор»-у маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор» ва «Русский язык в школах Таджикистана» мунтазам чоп мешаванд. Чанде аз омӯзгоронамон соҳибкитоб ҳам мебошанд. Мо ба таъбири «Омӯзгор бояд эҷодкор бошад» комилан мувофиқем.

Умуман, дар литсейи мо 53 нафар омӯзгор кор мекунанд. 3 нафар номзади илм ва 5 нафари дигар унвонҷӯ, 21 нафар дорои тахассуси олии омӯзгорианд.

Мо ба ибтикори навине даст зада, тариқи шартнома ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ду нафар омӯзгори пуртаҷрибаро аз Федератсияи Россия барои баргузории дарсҳои махсус аз фанҳои  дақиқ ва табодули таҷриба ба литсей даъват кардем ва чандест, ки онҳо дар мо фаъолияти бавусъату пурбор доранд.

Ин нукта басо муҳим аст, ки устодони мо бо ҳамдигар ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мешаванд, ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд ва аз ин ҳама мо хеле қаноатмандем.

Ман фикр мекунам, ки асли як силсила комёбиҳои таълимгоҳамон аз ҳамин ҳамбастагии файзбахши устодонамон вобаста мебошад.

-Барои фаъолияти самарманди омӯзгорон ва таҳсили фарогири хонандагон оё дар литсей  шароити созгор ва бозгӯй ба талаботи замон фароҳам оварда шудааст?

-Ин суолатон шоҳбайти машҳуру пурҳикматеро ба хотирам овард:

То накунӣ ҷои қадам устувор,

Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор.

Албатта, бидуни шароити мувофиқу фароҳамоварии имконоти созгор ба муваффақият умед бастан маънӣ надорад. Мо ҳамасола таълимгоҳамонро дар сатҳи зарурӣ таъмир менамоему оро медиҳем, муҷаҳҳаз месозем. Долону синфхонаву толору дафтарҳои кории мо ба таври муҳтавоманду назаррабо оро дода шудаанду муҷаҳҳаз мебошанд. Дафтари омӯзгорони литсейи мо, бешубҳа, яке аз беҳтаринҳо дар пойтахт аст. Муассисаи таълимии мо соҳиби 34 тахтаи электронӣ, 98 компютер, 95 камераи назоратӣ, 1 радиоузел ва 35 кабинети фаннӣ мебошад.

Дар литсей, ба истилоҳ, замини биологӣ мавҷуд аст, ки дар он рустаниҳои гуногун парвариш меёбанд ва дарсҳои амалии омӯзгорон вобаста ба фанҳои химияву биология дар ин ҷо баргузор мешаванд.

Воқеан, мо китобхонаи ғанӣ (дар шакли электронӣ низ) дорем, ки солҳои охир вобаста ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» теъдоди хонандагони фаъолаш хеле афзудааст.

-Соли нави таҳсил наздик меояд. Ҳадафҳои асосии аҳли таълимгоҳ дар ин сол чигунаанд ва чӣ навгониҳо вобаста ба  таълиму тарбияи шогирдон дар назар аст?

-Ҳар соли нави таҳсилро мо чун аҳли маорифи мамлакат бо фараҳмандӣ ва бо нақшаю ҳадафҳои муайян истиқбол мегирем. Мекӯшем, ки он пурбору нақшгузор бошад, ба амалисозии ниятҳои некамон  мусоидат намояд. Дар давоми соли нави таҳсил дар кишвари  маҳбубамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил мешавад, ки мо дар ин ҷашнвораҳои пурифтихори миллат фаъолона ширкат хоҳем варзид.

Чунонки медонед, дар Ватанамон бо ибтикори Пешвои миллат аз оғози соли равон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст, ки ҳадафҳои олии ватандӯстонаву тамаддунпарварона дорад. Дар оғози суҳбатамон ишора кардем, ки литсейи мо дар иртибот ба равияи табиӣ-риёзӣ фаъолият мекунад. Аз ин ҷиҳат, мо вазифадорем, ки вобаста ба ибтикори мазкури Сарвари кишвар фаъолиятамонро бештар вусъат бахшем ва дар сафи пеши татбиқгарони тадбирҳои марбут ба «Бистсола…»  бошем.

Дар соли нави таҳсил ба кулли алоқамандони соҳаи маорифи диёри арҷмандамон комёбиҳо ва рӯзгорони саодатбор таманно дорам.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш