1) Ҳаҷми умумии оби Замин 1.4км3 буда, танҳо 35 млн км3 он оби ширин мебошад.
2) Ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон 5 млн м3 об мерасад.
3) Аз ҳаҷми умумии оби олам 2,5%-и он ширин аст.
4) Аз 10 ҳиссаи обҳои тоза 7%-и он барои инсоният дастрас нест ва миқдори бештари он дар Арктика ва Антарктида ҷойгир аст.
5) Инсоният дар қадим барои худ 12-18, дар асри XIV 40 60 л ва ҳоло 300-400 л обро истифода мебарад.
6) Имрӯз ҳар сокини Ҷопон 220л, Осиёи Марказӣ 400-500 л, Париж 500л, Москва, Санкт-Петербург 600 л, Ню Йорк 1045 л обро истифода мебарад.
7) Дар Амрикои Лотинӣ 100 млн, Африқо 350 млн, Осиё 1 млрд нафар аз оби нӯшокии тоза маҳрум мебошанд.
8) Масоҳати умуми уқёнуси Ором 180 млн км2, Ҳинд 75 млн км2, Атлантика 93 млн км2, Яхбастаи Шимолӣ 13 млн км2 мебошад.
9) Ҳар сол мактаббачагон дар тамоми олам вобаста ба масъалаи об 443 млн соати дарсиро намегузаранд. 31 % мактаббачагони олам бо оби ошомиданӣ таъмин нестанд.
10) Имрӯз 80 давлати олам ба масъалаи душвори беобӣ дучор гаштаанд.
11) Дар Аврупо 95%, дар Осиё 37%, дар Африқо 7%-и аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.
12) Дар сурати обшавии пиряхҳо сатҳи оби сайёра 64 метр баланд гашта, ҳаштяки рӯи замин зери об мемонад.
13) Ҳар як инсон дар як сол ба ҳисоби миёна қариб 60 тонна обро истифода мебарад.
14) Дар табиат 3 ҳолати об ба қайд гирифта шудааст:
1. Оби сахт (аз пиряхҳо), 2.Оби моеъ (аз дарё, кӯл, баҳр, уқёнус, обҳои зеризаминӣ), 3. Оби газмонанд (дар шакли бухоршавӣ аз абрҳо).
Таҳияи Ҳасан Нодиров,
омӯзгори мактаби №10, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр