Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ масъулият мехоҳад

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Вазифаю уҳдадории меҳварии оилаю омӯзгорон ва ҷомеаи имрӯза ин аст, ки идомадиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонамон бошанд ва бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фарзандону насли наврасро хату савод, донишу хирад, одобу ахлоқ биомӯзанд, худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст намоянд. Вақте ки мо масъулият мегӯем, пеш аз ҳама, дараҷаи худшиносиву вазифашиносӣ, тафаккуру мафкура ва рисолати таърихиро дар назар дорем.

Маълум, ки илму маориф аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо мебошанд. Онҳо дар пешрафту ташаккулёбӣ ва мустаҳкамшавии тамоми шохаҳои давлату давлатдорӣ нақши бузург мебозанд.

Солҳои охир ҳамкории падару модарон бо мактаб, махсусан, дар деҳот хеле коста гардидааст, ки ин боиси рушд накардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегардад. Яке аз сабабҳои ин ҳолат нокифоягии сатҳи фаъолияти раҳбарияти мактабҳо ва ашхоси масъул, беэътиборӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ дар таълимгоҳҳо мебошад. Аз ҷониби дигар, паст будани саводнокӣ, маърифатнокӣ, дараҷаи маънавиёт, майлу хоҳиш, шавқу рағбати аҳли оила нисбат ба фарзандон  ба ин ҳолат сабабгор гардида.

Як амали номатлуби волидон ин аст, ки чун фарзандашон дар мактаб ба амали ношоистае роҳ  медиҳад ё баҳои паст мегираду дар ин бора ба аҳли  оила хабар мерасад, бо ғазаб ба мактаб меоянд ва рӯйрост фарзанди худро тарафгирию муаллимро таҳқир мекунанд, ҳатто, ба суду судкашӣ машғул мешаванд. Чунин волидон нисбат ба ояндаи фарзанди худ хизмати хирсона мекунанд...

Дар мактаби мо бо падару модарон мунтазам баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вохӯриву маҷлисҳо ва ҷамъомадҳо оид ба пешбурди раванди таълиму тарбия, сифати таҳсилот ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо мушоҳида мешавад, ки аксари падару модарон хоҳиши бо мактаб ҳамкорӣ кардан надоранд ва масъулият ҳам ҳис намекунанд. Сабабҳои ҳамкорӣ накардани онҳо паст будани сатҳи саводнокӣ, надоштани майлу хоҳиши назорат ба таълиму тарбияи фарзандон, такаббурмандиашон мебошад.

Албатта, падару модарони  ғамхору меҳрубоне низ ҳастанд, ки бо мактаб ҳамкории судаманд дорад, дар ҷамъомаду маҷлсиҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд. Мехоҳем сафи чунинҳо ҳар чӣ бештар бошад. Ман ҳамчун омӯзгор дар деҳот кору фаъолият мекунам. Дар раванди фаъолияти касбии худ бо зиёда 100 оилаи гуногун вобаста ба ҳамкорӣ ва робитаи онҳо бо мактаб озмоиш гузаронидам. Маълум шуд, ки бешатари онҳо аз сабаби  паст будани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, костагии ҳисси масъулиятнокӣ, худшиносӣ, донишу маърифат, майлу хоҳиш, талаботи таълимию тарбиявӣ нисбат ба фарзандон бепарвою камаҳамиятанд.

Дар мактабҳо кумитаи падару модарон амал мекунад, ки як ҷузъи воҳиди сохтории муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Вале, мутаассифона, аксаран фаъолияти онҳо суст аст.

Бе ҳамкорию робитаи падару модарон бо мактаб ба болоравии сатҳу сифати дониши хонандагон, ба пешравию муваффақият ноил гаштан ғайриимкон аст. Яъне, оила бе мактаб ва мактаб бе оила аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ ҷиҳати ба камол расонидани насли солим баромада наметавонанд.

Шерзод Комилов,

лейтенанти хурд, омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбии мактаби № 24 ба номи Чӯлибой Комилов, шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш