Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолият тақозои замон аст

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

 

18-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи онлайнии мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  баргузор шуд.

Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеъ бевосита ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ аз тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Иқдомҳои вазорат дар марҳалаи мушкил

Нахуст вазири маориф ва илм М. Имомзода дар бораи натиҷаи фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври мухтасар суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2020 фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Вазорати маориф ва илм 15 маротиба қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муайяншуда аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазир ба роҳ монда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиати хаттии 901 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст. Ҳамзамон, 9 ҷаласаи мушовараи навбатию ҷамъбастӣ бо баррасии 175 масъала ва 6 ҷаласаи назоратии назди вазир бо баррасии 20 масъала доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) як қатор корҳоро анҷом дод. Дар марҳилаи аввал, аз 27 апрел то 10 май 102 ҳазору 175 кӯдак ва 9 ҳазору 766 корманди муассисаҳои томактабӣ, 2 миллиону 33 ҳазору 900 хонанда ва 124 ҳазору 593 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таътили муваққатӣ фиристода шуданд.  Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ бо фарогирии 109 ҳазору 595 хонанда ва 8 ҳазору 686 омӯзгор аз рӯзи 27 апрел то 10 май муваққатан таътил эълон карда шуд.

Барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми май таътили тобистона эълон карда шуда, имтиҳони тобистона аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ гардид.

Дар ин муддат вазорат бо шарикони рушд робитаро тақвият бахшида, бо намояндагони онҳо нишасту мулоқот ва онлайн-суҳбатҳо баргузор намуд. Аз ҷумла, бо ташкилоти Каритас, бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), бо Иттиҳоди Аврупо ва бо намояндагони ЮНЕСКО ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, маводи зиёди пешгирӣ аз бемориҳо дастрас гардид.

Дар доираи дархости Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО)  дар шаҳри Алмаато се конфронси видеоӣ оид ба чораҳои вокуниш вобаста ба коронавирус (COVID-19) доир гардид, ки дар он муовинони вазир ва мутахассисони вазорат ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби роҳбарияти вазорат бо намояндагони 13 мамлакати хориҷии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта ва берун аз он  мустақиман ва ё аз тариқи онлайн  вохӯриҳо доир карда, барои ба навор гирифтани филмҳову дарсҳои таълимӣ ва пахши онҳо аз тариқи телевизион ва онлайн, таъмин бо антисептикҳо, иштирок дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотие, ки рӯҳияи мардумро баланд мебардоранд, чораҳои зарурӣ андешида шуданд. 

Дар марҳилаи дуюм вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар асоси дастури Роҳбари давлат ва дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шуданд:

Якум, то ба эътидол омадани вазъ дар муассисаҳои томактабӣ таътил тамдид карда шуд.

Дуюм, муассисаҳои таҳ-силоти умумӣ аз 10 май то 16 август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17 августи соли ҷорӣ муайян гардид. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст гардида, баҳоҳои имтиҳонҳонот аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шуданд.

Сеюм, то 10 май дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тамоми имтиҳонҳои хатм ҷамъбаст гардида, ба таътили тобистона фиристода шуданд.

Ҳамагӣ аз 38 852 нафар хатмкунанда 33 029 нафар имтиҳони хатмро супориданд, ки 85%-ро ташкил медиҳад.

Барои хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар аттестатсияи хатм иштирок накарданд, супоридани имтиҳони хатм дар фасли тирамоҳ муайян карда шуд.

Чорум, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 10 май тамоми имтиҳонҳои хатм ҷамъбаст карда шуданд. Дар маҷмӯъ, 33 ҳазору 574 нафар аттестатсияи хатмро супориданд, ки ин 86,9% -ро ташкил медиҳад.

Бо амалӣ кардани ин дастуру супоришҳо вазорат тавонист, ки дар пешгирӣ ва паҳн гардидани бемории коронавирус (COVID-19) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан, пойтахти мамлакат саҳми худро гузорад.

Аз ҳамкориҳои байналмилалӣ то таъмини муассисаҳои таълимӣ  бо кадрҳои омӯзгорӣ

Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён вобаста ба фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеъ дар самти илм ва инноватсия, равобити байналмилалӣ, таъмини муассисаҳо ба кадрҳои омӯзгорӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, фаъолияти хадамотҳои методӣ дар самти иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва нашриёту матбааҳои соҳавӣ суханронӣ намуд.  Аз ҷумла, зикр кард, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ва лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

 Дар шаш моҳи соли 2020 марҳилаҳои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, Беларус, Озарбойҷон, Украина, Австрия, Қазоқистон, Венгрия ва Руминия мавриди корбарӣ қарор дода шуд. Солҳои 2020 – 2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия – 620 бурсия, Ҷумҳурии Озарбойҷон – 6 бурсия, Ҷумҳурии Венгрия – 20 бурсия, Руминия- 1 бурсия, Ҷумҳурии Беларус – 8 бурсия, Қазоқистон - 50, Украина - 20  бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуданд.

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4237 нафар мутахассиси ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияҳои омӯзгорӣ бо назардошти ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд Аз ин теъдод ба ҳолати 15.04.2020  2781 нафар (65,6%) ба ҷойи кор ҳозир гардида, 1097 нафар (25,9%) бо сабабҳои узрнок (таҳсил дар магистратура), хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак, хориҷ гардидан)  ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. 353 нафар (8,2%) бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. 

Дархост барои омӯзгорони ҷавон дар соли таҳсили 2020-2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (83 нафар), вилояти Хатлон (942 нафар), вилояти Суғд (882), шаҳри Душанбе (195 нафар) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (1857 нафар)-ро ташкил медиҳад.

Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муас-сисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи барномаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд. 

Нақшаи таъмини муассиса-ҳои таълимӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ  дар соли 2020  10396 адад буда, алҳол 1030 компютер харидорӣ шудааст, ки 10%-ро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  69311 адад компютер мавриди истифода қарор дорад. 

Инчунин, дар соли 2020 нақшаи хариди тахтаҳои электронӣ 653 адад буда, 99 адад харидорӣ гардидааст, ки ба 15%-и иҷрои нақша баробар аст. Миқдори видеопроекторҳо дар соли 2020 ба 2902 адад баробар гардид.

Ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия  дар соли 2020 барои баланд бардоштани тафаккури техникии омӯзгорон ва мутахассисон як қатор чорабиниҳо гузаронид.  Баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курсҳои омӯзиши истифодабариии технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор) дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи таътили зимистона 44145 нафар омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба курсҳо фаро гирифта шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии таҳсилот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 дастхати адабиёти таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба чоп тавсия шудааст.

Сифати таълим, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва

рушди ҳаракати олимпӣ

Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ вобаста ба фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, тибқи тартиб ба роҳ мондани қабули хонандагон ба синфи 1, назорати сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаи таълимӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил, ғайримақсаднок истифода намудани бинои муассисаҳои таълимӣ, ба равияҳо ҷудо намудани хонандагон дар литсей ва гимназияҳо, зери назорат қарор додани рафти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”,  дар давраи пандемияи КОВИД-19 таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ғизои мактабӣ ва фаъолияти ошхонаҳои мактабӣ, риояи гигиенаи шахсӣ аз ҷониби омӯзгорону хонандагон, зиёд намудани маҳфилҳо дар марказҳои инкишофи кӯдак, ба курсҳои омӯзишии муносибати босалоҳият ҷалб намудани омӯзгорон суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода шудааст. Муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба таълим ва тарбияи томактабӣ тадриҷан афзуда, теъдоди муассисаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ ба 662 ва шумораи тарбиятгирандагон  ба 102175 нафар расид. Дар маҷмӯъ,  фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ новобаста аз мақом ва шакли ҳуқуқӣ ба 15,9% расидааст, ки ин нишондод дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад.

Соли 2019 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид. Мақсад ва вазифаҳои асосии барнома рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогирӣ ва амалӣ намудани нишондодҳои муҳим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ  буда,  бо амалӣ шудани нишондодҳои он дар низоми таҳсилоти томактабӣ дигаргуниҳои назарррас ба амал хоҳанд омад.

Дар давраи таътили ғайринавбатии муассисаҳои томактабӣ вобаста ба пандемияи COVID-19 филми аниматсионии «Сандуқчаи зулбиё» такмил дода шуда, дар ҳаҷми 50 қисм тавассути шабакаи телевизионии «Баҳористон» ба намоиши умум гузошта шуд.

Бо мақсади  баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» харидории 2139 кабинети фаннӣ: 289 адад лабораторияи таълимии физика, 254 кабинети химия, 243 кабинети биология, 183 кабинети география, 207 кабинети математика, 216 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 655 кабинети суруду мусиқӣ  ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар муддати 2 соли амалишавии Барнома барои муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон харидории 740 кабинет, вилояти Суғд - 479, ВМКБ - 292, НТҶ - 425 ва шаҳри Душанбе - 111 кабинет пешбинӣ шудааст.

Соли 2019 тибқи нақша ҷиҳозонидани 846 кабинети фаннӣ тарҳрезӣ шуда, бинобар маълумоти пешниҳодгардида дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 320 кабинети фаннӣ (58 кабинети физика, 65 кабинети химия, 49 кабинети биология, 24 кабинети география, 26 кабинети математика, 59 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 39 кабинети суруду мусиқӣ) муҷаҳҳаз гардидааст.

Соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз 49 кабинети фаннӣ 104 адад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 114 кабинети фаннӣ 19, (16,7%), вилояти Суғд аз 228 кабинети фаннӣ 102, (44,7%), вилояти Хатлон аз 287 кабинети фаннӣ 42, (14,6%) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 168 кабинети фаннӣ 53 адад (32,5%) таъмин гардидааст, ки дар маҷмӯъ аз 846 кабинети фаннии пешбинишуда 320 кабинет харидорӣ ва ҷиҳозонида шудааст, ки ин 37,8%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Иҷрои нақша дар солҳои 2018-2019 бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин, набудани маблағҳои зарурӣ дар суратҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнон), вилояти Суғд (ноҳияи Деваштич), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Носири Хусрав, шаҳри Левакант) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) таъмин нагардид.

Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд 216 лабораторияи таълимии муосир аз фанҳои физика, химия ва биология (72 лаборатория аз ҳар як фан) бо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ бо маблағи зиёда за 1 млн евро харидорӣ ва моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Лабораторияҳои мазкур ба 10 муассисаи таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 муассисаи таълимии вилояти Хатлон, 17 муассисаи таълимии вилояти Суғд, 5 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва 13 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмин гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои такягоҳии таълимии фанҳои зикршуда ташкил карда шаванд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 23 намуди  олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавҷуданд, ки барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари хонандагон мусоидат мекунанд.

Рӯзҳои 18-19 апрели соли 2020 даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимпиадаҳои номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  баргузор гардид. Дар ин олимпиадаҳо аз рӯйи 13 фанни таълимӣ 945 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, 343 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ) гардиданд.

Дар ҷамъбаст хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе сазовори 119 ҷойи ифтихорӣ (26 ҷойи якум, 30 ҷойи дуюм, 63 ҷойи сеюм), вилояти Суғд 99 ҷойи ифтихорӣ (15 ҷойи якум, 30 ҷойи дуюм,  54 ҷойи сеюм), вилояти Хатлон  80 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 49 ҷойи сеюм), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 22 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюм) гардиданд.

Аз қабулу интиқол

то татбиқи лоиҳа

Муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода  оид ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, назорати рафти қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати фаъолияти комиссияи интиқолу барқарори муассисаҳои таълимӣ, омодагии муассисаҳои касбӣ ба соли нави таҳсил суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла, таъкид намуд, ки бо назардошти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва бо мақсади беҳдошти саломатии омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аттестатсияи ҷорӣ ва давлатии хатм берун аз раванди нақшаи таълим ба роҳ монда шуд. Агар соли таҳсили 2018-2019 азхудкунии дониши хатмкунандагон 99,6 % бошад, соли ҷорӣ ин рақам ба 99,7 % расидааст.

Таҳлили иҷрои рисолаҳои хатм нишон дод, ки аз теъдоди 22902 нафари ба аттестатсияи давлатии хатм роҳёфта танҳо 3312 нафар (14,5 %) рисолаи хатм дифоъ намудаанд, ки ин ба иҷро нагардидани нақшаи таълимӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, бо мақсади иҷрои пурраи сарбории нақшаҳои таълимӣ пешниҳод карда мешавад, ки аз соли таҳсили 2020-2021 дар аттестатсияи хатм ду имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ пешбинӣ карда шуда, хатмкунандагоне, ки рисолаи хатм иҷро менамоянд, аз як фанни имтиҳони давлатӣ озод карда шаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ татбиқи 46 лоиҳаи грантӣ (29 лоиҳа ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва 17 лоиҳа ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон) аз тарафи 26 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо арзиши умумии 85,038 миллион сомонӣ (8,842 миллион доллари ИМА) идома доранд. Аз аввали татбиқ ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои грантӣ ба 43,133 миллион сомонӣ (4,395 миллион доллари ИМА) расид. Айни ҳол лоиҳаҳои грантии даври якум зиёда аз 86,7% ва лоиҳаҳои даври дуюм 35,3% маблағгузорӣ шуданд. Сатҳи умумии азхудкунии маблағҳои грантӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб 60 %-ро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, маҳдудияти оид ба паҳншавии COVID-19 аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон қабулшуда ба раванди татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати ташкили сафарҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои таълимии шарикони хориҷӣ, ҷалби мушовирони байналмилалӣ ва таҳвили саривақтии таҷҳизоти таълимӣ таъсири худро мерасонад. Вобаста ба ин, зарурати тамдиди муҳлати татбиқи баъзе лоиҳаҳои грантӣ низ ба миён омадааст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро зарур аст, ки  баҳри татбиқи самараноки лоиҳа тибқи нақшаи тарҳрезишуда фаъолиятро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Маблағгузории соҳа, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ  ва сохтмони мактабҳо

Муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода вобаста ба сарфакоронаю мақсаднок истифода намудани маблағҳо, бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва сари вақт пардохт гардидани музди меҳнати омӯзгорон ва маблағи рухсатии меҳнатӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2020-2021, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандони ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону кормандони мактаб-интернатҳо, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва амсоли инҳо суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида шуда истодааст, аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад.  Агар соли 2019 барои соҳаи маориф 4 миллиарду 404 миллиону 877 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас, соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2018 13,6 % зиёд мебошад.

Дар давраи тирамоҳу зимистон таъмини гармии синфхонаҳо ба рушди сифати таълиму тарбия ва иштироки фаъолонаи хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд. Бо мақсади гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ захира намудани 52772 тонна ангишт, 51452 м3 ҳезум ва 108506 литр сӯзишвории нафтӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале, бо назардошти вазъи пешомада, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо кишвар захиранамоии маводи сӯхт дар муассисаҳои таълимӣ ба пурраги оғоз нагардидааст. Соли ҷорӣ низ рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Яке аз масъалаҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб рафта,  дар ин замина андешидани силсилаи тадбирҳо доир ба сохтмону барқарорсозӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ талаби замон мебошад.   

Дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 181 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53811 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 37 бинои  муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 7194 ҷойи нишаст бо маблағи 98 млн 710 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 785 ҷойи нишаст зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи сипаригардида ба андозаи  19 млн 150 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи нимсолаи якум 106,6% ва нисбат ба нақшаи солона 68,3%-ро ташкил медиҳад. Айни замон, дар доираи барномаи амалкунанда дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 38 иншооти соҳаи маориф идома дорад.

Дар музокира сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Одинашо Мардов, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршо Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ аз тариқи онлайн пайваст гардида, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар шаш моҳи соли равон қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз бурду бохти соҳа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуданд.

Баъдан, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Сафолзода дар робита ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020, дастоварду муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи маориф сухан карда, иҷрои саривақтию комили дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, татбиқи стратегияву барномаҳои давлатиро дар соҳаи маориф таъкид намуд.

Вазири маориф ва илм М.Имомзода зикр кард, ки новобаста аз корҳои  иҷрошуда ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасанд. Минбаъд ин камбудиҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа дар ҳамаи самтҳо вусъат пайдо хоҳад кард. Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва муваффақ шудан ба дастовардҳои назаррас масъулини соҳаро зарур аст, ки бештар аз ҳарвақта саъйю талош варзанд.

Дар охир вобаста  ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар шаш моҳи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда қарори дахлдор қабул гардид.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш