Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Қалъаи Муғ таърихи қадима дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд.
Пеш аз иштирок дар ҷамъомади бошукӯҳи идона Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои аҳли ҳунари шаҳрро тамошо карданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи кори меҳнаткашони шаҳри бостонии Истаравшан баҳои баланд дода, эҳё ва рушди ҳунарҳоро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин иқдом маънидод карданд.
Баъди ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолони шаҳри Истаравшан суханронӣ карда, сокинони шарафманди шаҳри бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ, ки дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сокинони меҳнатқарини шаҳри Истаравшан барои истиқболи самимии Пешвои миллат ҷамъ омада буданд.
Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат аз тадбир ва ҳадафи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеи кишварамон барои пешрафти ин соҳаи муҳим, бахусус, ободии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла, ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар онро самараи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон маънидод карданд. Зимни суханронӣ, ҳамчунин, Сарвари давлат оид ба дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди шаҳраку деҳоти нав ва дигар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар ин шаҳри бостонӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ҷонибдории мардуми шаҳри Истаравшан аз сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар андешаронӣ карданд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр