Нашрияи Омӯзгор

Сипосгузорем

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш мо, як гурӯҳ омӯзгорони фанҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи Садриддин Айнии шаҳри  Истаравшан аз курси такмили ихтисос  ва бозомӯзии сайёр гузаштем. Мушоҳида гардид, ки масъулон барои хубу хотирмон ва пурсамар  гузаштани давраҳои омӯзишӣ саъю талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.

Мо, шунавандагон, аз масъулини филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд ва раёсати маорифи шаҳри Истаравшан ҷиҳати босамар гузаронидани ин курси пурманфиат сипосгузорем. Минбаъд низ тамоми донишу малака  ва маҳорати  худро барои тарбияи насли наврас ва пешравиву ободии Ватани  азизамон - Тоҷикистон  сарф хоҳем кард.

 

Гурӯҳе аз омӯзгорони омодагии

ибтидоии ҳарбии шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш