Нашрияи Омӯзгор

Донишкадаи нав дар Хуҷанд

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов ва Комилҷон Комилов дар шаҳри Хуҷанд Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Бунёди ин муассисаи олӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» роҳандозӣ гардид.

Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз донишкадаи навтаъсис иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи факултаи фанҳои дақиқ ва технология факултаи муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо фарогирии ихтисосҳои ҳамгирои биология-химия, математика-физика, математика-информатика, география-иқтисодиёт, технология-информатика, экологияи умумӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, биотехнология, селексия ва тухмипарварӣ, агрохимия ва хокшиносӣ, менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинг дар маҷмӯъ, 20 ихтисос пешбинӣ шудааст.

Донишкадаи мазкур  аз 68 синфхона, 8 озмоишгоҳ, 20 кабинети фаннӣ, 5 синфи калони лексионӣ, китобхонаи  электронӣ, ошхона, хобгоҳ иборат буда, имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад. Таҳсил дар донишкада тариқи шартнома буда, шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дорад.

Омӯзонидани технологияи муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаби замон асоси фаъолияти ин муассисаи олиро ташкил медиҳад.

Таъсиси донишкадаи мазкур барои рафъ намудани норасоии кадрҳои илмҳои дақиқ дар макотиби миёна ва таъмини мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти хоҷагии халқ мусоидат хоҳад намуд.

 

 

Таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ

20-уми июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода доир ба нишондод ва фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи аввали соли 2020 мухтасаран маълумот дода, гуфт, донишгоҳ дорои 18 факулта ва 80 кафедра (аз ҷумла, 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) мебошад. Таҳсил аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мутобиқи нақшаҳои таълимӣ ҷараён дорад. 

Базаи моддӣ-техникии ихтисосҳои равияҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мустаҳкам гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар назди факултаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, физикаю  техника ва геоэкология якчанд лабораторияи фаннӣ ба истифода дода шуданд. Дар соли таҳсили 2019-2020 барои таҷхизонидани лабораторияҳои кафедраҳои фанҳои дақиқ аз ҳисоби суратҳисоби махсус беш аз 460 000 сомонӣ маблағ масраф гардид, ки ин тадбир минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Як қатор устодону олимони донишгоҳ, аз ҷумла, 9 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш