Нашрияи Омӯзгор

Ҳалли мушкилот ногузир аст

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Ҳамон тавре ки дар нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар шаҳри Душанбе  ректори он,  профессор Тоҳир Хоҷазода иттилоъ дод, айни замон дар ин донишгоҳи муштарак 6693 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

- Яке аз мушкилоти ҷойдошта дар донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ аз тарафи донишҷӯён аст, - гуфт ректор. – Бинобар ҳамин ҳам, мо роҳҳои пурсамари азхудкунии забони русиро, ки яке аз шаш забони кории СММ аст, ҷустуҷӯ намуда, омӯзгорони пешқадамро ба ин масъала ҷалб намуда истодаем. Албатта, агар дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзии шогирдон  аҳамияти ҷиддӣ медоданд, шояд ин масъала ҳалли худро меёфт. Ба ҳар ҳол, маҷбур шудем, ки курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро низ ташкил намоем. Аммо боз мушкили дигарамон он аст, ки дар донишгоҳ мутахассисони забони русӣ намерасанд. Минбаъд ба он мекӯшем, ки сарчашмаҳои маблағгузориро дарёфт намуда, маоши омӯзгоронро зиёдтар кунем ва ба ин васила  барои  рӯҳбаланд кардани муаллифони корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ низ замина гузорем.   Дар як – ду соли охир панҷ мактаби таҳсилаш бо забони русӣ сохтаву ба истифода дода мешавад, ки барои бо кадрҳои ихтисосманд таъмин гардидани донишгоҳи мо низ мусоидат хоҳад кард.   

Бино ба иттилои Т. Хоҷазода, мавҷи бемории коронавирус ба нақшаҳои донишгоҳ низ халал ворид намуд. Бинобар он, корҳои илмӣ – таҳқиқотие, ки дар нимсолаи аввали  соли таҳсил бояд ҳалли худро меёфтанд, иҷрои онҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсил вогузор гардид.

Муносибатҳои байнал-милалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Индонезия, Волгоград, Пекин, Федератсияи Россия ва монанди инҳо самарабахшанд.

Донишҷӯён дар озмунҳои фарҳангиву фароғатӣ, олимпиадаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷа иштироки фаъолона доранд. Дар чорабиниҳои фарҳангии пойтахт иштироки фаъолонаи аъзои ансамблҳои «Славян», «Парасту», «Темурчиён» ва  ғайра боиси ифтихори аҳли донишгоҳ гардидааст. Ректор дар роҳи ҳалли масъалаҳои пешомадаи дар соҳаи илму маориф ва махсусан,  дар донишгоҳ журналистонро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ҳотами  ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш