Нашрияи Омӯзгор

 ММТ: 24 июл озмуни тақсимот баргузор мегардад

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

19-уми июли соли равон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон карда шуд.

Зимни суҳбат котиби матбуоти Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода зикр намуд, ки  ҳаҷми маълумот дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб бо дарназардошти субтестҳо ва қисмҳои дахлдори супоридаи довталаб, роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ (аз ҷумла, сабаби роҳ наёфтан – соҳиб нашудан ба холи гузариш аз як ё якчанд субтест ё ягон қисми имтиҳон), бали бадастоварда аз рӯйи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкарда, бали имтиёзӣ (агар дошта бошад) ва ғайра калон аст. Аз ин лиҳоз, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” сабт гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин, роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст. Агар дар бахши “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 24-уми июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 24-уми июл баргузор мегардад, маълум мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯ шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 24-уми июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш