Нашрияи Омӯзгор

Амалҳои коррупсионӣ коҳиш меёбанд

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Муовини сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, полковники адлия Абдукарим Носирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз тарафи мутахассисони бахши назорати давлатии молиявии шуъба 11 санҷиши молиявию хоҷагии корхонаю ташкилотҳо ва  субъектҳои хоҷагидории давлатиро гузарониданд, ки дар натиҷа ба маблағи умумии 254846 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Аз ин ҳисоб 123867 сомонӣ рӯёнида шуд. Ҳамзамон, А.Носирзода афзуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 12 ҷиноят дар соҳаи маориф, 5 ҷиноят дар соҳаи тандурустӣ, 5 ҷиноят, вазорати корҳои дохилӣ, 5 ҷиноят, нақлиёт ва коммуникатсия 1 ҷиноят нисбати 1 нафар, кумитаи давлатии замин 1 ҷиноят, кумитаи андоз 1 ҷиноят, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ 18 ва дигар корхонаҳо 17 ҷиноят содир гардидааст.                                             

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш