Нашрияи Омӯзгор

24 донишҷӯ аз коллеҷ хориҷ шуданд

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К. Қурбонов бо намояндагони васоити ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори муассисаи таълимӣ Шариф Бедаков, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз ҳисоби маблағҳои дохилии коллеҷ ва ҷалби соҳибкорон заминаи моддӣ-таълимии муассиса нисбат ба солҳои пеш беҳтар гардид. Бо ташаббуси маъмурият ва иттифоқҳои касабаи кормандони коллеҷ омӯзгорони хоҳишманд дар осоишгоҳҳо ба табобату истироҳат фаро гирифта мешаванд. Мавриди зикр аст, ки донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳри Кӯлоб низ фаъолона ширкат меварзанд. Айни замон дар коллеҷ 64 донишҷӯи аълохон гирандагони идрорпулиҳои номӣ мебошанд.

Директор таъкид кард, ки дар баробари пешрафтҳо дар коллеҷ камбудиву норасоиҳо ҳам дида мешаванд. Аз ҷумла, ҳоло ҳам сатҳи дониши илмии омӯзгорону донишҷӯён ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти соли хониши 2019-2020 24 донишҷӯ бо сабаби баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанашон аз коллеҷ хориҷ карда шуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш