Нашрияи Омӯзгор

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Маркази ҷавонон ва наврасони шаҳр сохта шудааст, ки қаблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд. Маҷмааи бозиҳои кӯдакона дар шафати майдони парчам, ки бо саҳми як нафар соҳибкор бунёд гардидааст, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири шавқовар муҷаҳҳазонида шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш