Нашрияи Омӯзгор

59 дипломи аъло супорида шуд

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳогузории  натиҷаи таҳсили донишҷӯён ба тариқи барномаҳои автоматикунонидашудаи компютерӣ амалӣ мешавад ва ҳеҷ гуна дахолати ғайр сурат намегирад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон ректори муассиса Маҳмадшоҳ Гулзода иттилоъ дод.  Дар донишгоҳ аз рӯйи 39 ихтисос таҳсил дар зинаҳои интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура ва  докторантура ба роҳ монда шудааст.

 Раванди таълим   бо маводи таълимӣ комилан таъмин буда, донишҷӯён аз китобхонаи донишгоҳ адабиёти таълимиро ба пуррагӣ дастрас  менамоянд. Ҳоло фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 673 ҳазор нусхаро ташкил додааст, ки аз он 423 376 нусха адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 249 ҳазору 410 нусха захираҳои электронӣ мебошад. Дар донишгоҳ таҳсил бо истифода аз технологияи муосири таълимӣ ва иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. 

- Соли таҳсили 2019 – 2020 дар донишгоҳ «Соли омӯзгори инноватсионӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, корҳои зиёде анҷом дода шуданд, - гуфт. М. Гулзода. – Аз ҷумла, аз оғози соли ҷорӣ курси такмили ихтисоси  омӯзгорони  ҷавон дар доираи барномаи муосири «Омӯзгории самаранок»  роҳандозӣ карда шуд ва 75 нафар омӯзгори ҷавон аз ин курс гузаштанд. 

Дар соли таҳсили сипаригашта 180 нафар донишҷӯи кишварҳои хориҷӣ (аз Ҳиндустон, Федератсияи Россия, ҶИА, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон)  бомуваффақият  донишгоҳро хатм  карданд. Дар маҷмӯъ,  59 нафар соҳиби  дипломи аъло гардиданд.

Яке аз нишондодҳои баҳодиҳии сифати таҳсилот натиҷаи имтиҳони  хатми давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили натиҷаи имтиҳони хатми давлатӣ нишон дод, ки дар донишгоҳ сифати таълим 53,1 фисадро ташкил медиҳад. 

Ба иттилои ректор, дар донишгоҳ ҳафт Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз инҳо якто дар назди Комиссияи олии аттестатсионии ФР ва шаштои дигар дар назди Комиссияи олии атттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ панҷ рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст, ки аз онҳо дутояш рисолаи докторист. Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли равон аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар маҷаллаҳои илмии ватаниву хориҷӣ 1353 фишурда ва 42 мақолаи илмӣ ба табъ расидааст.

Ҳотами  ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш