Нашрияи Омӯзгор

Вусъати робитаҳо бо мактабҳои олии хориҷӣ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар оғози нишасти матбуотие, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гашт, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ Заррина Қодирова ба рӯзноманигорон мухтасаран дар бораи фаъолияти таълимгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон иттилоъ дод. Дар идомаи нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Фарҳод Шарофов, сардори раёсати таълимию методӣ Сайдалӣ Ҳомидов вобаста ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори умум суханронӣ карданд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, воқеан ҳам, аз мактабҳои олии нуфузманди кишвар буда, дар рейтинги муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ (вобаста ба 34  нишондод) ҷои чорумро ишғол  менамояд. Аз аккредитатсияи  байналмилалӣ бомуваффақият гузаштану соҳиби аккредитатсия ва сертификат гардидани 6 барномаи таълимӣ (4 барномаи бакалаврӣ ва 2 барномаи магистрӣ) аз дастовардҳои шоёни донишгоҳ ба шумор меравад. Дар таркиби ин мактаби олӣ як донишкада (Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд) ва як муассисаи таҳсилоти умумӣ (литсей) амал менамоянд.

Ҳайати устодони донишгоҳ хеле эътиборманд буда, инҷо як 1 нафар узви Шӯрои иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 2 нафар Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 7 нафар дорандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ва 32 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.

Донишгоҳ аз рӯи 34 ихтисоси барномаи бакалаврият, 11 ихтисоси барномаи магистратура, 10 ихтисоси барномаи аспирантура, 4 ихтисоси барномаи доктор  PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад. Дар донишгоҳ 131 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд ва таҳсил бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ҷараён дорад.

Танҳо дар давоми соли таҳсили гузашта дар доираи созишномаи тарафайн беш аз 80 нафар омӯзгор ва донишҷӯи ин мактаби олӣ ба донишгоҳҳои гуногуни хориҷи кишвар (аз ҷумла, Россия, Беларус, Чин, Полша, Испания, Италия, ИМА...) барои идомаи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд.

Аҳли донишгоҳ тасмим доранд, ки ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро боз ҳам густариш бахшанд.

 

А.Муродӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш