- Гузаронидани ташхиси ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии марказ ба ҳисоб меравад, - гуфт дар нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода. Мавсуф иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон марказ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 226 таклиф пешниҳод кард.
Дар робита ба самти фаъолият оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти он омода гардид, ки 18 таклифро дарбар мегирад.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаи 13 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро дар робита ба таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард.
Ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони марказ 20 мақолаи илмӣ-амалӣ таҳия гардид.
Бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Сомонаи расмии марказ ҳамчун воситаи асосии пешбурди корҳои ташвиқотиву тарғиботии фаъол мебошад, ки дар ин давра 6 000 000 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он истифода намудаанд.
ҳамчунин, тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳои замин» ва «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ (миллӣ ва байналмилалӣ), соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва дар самти гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр