Нашрияи Омӯзгор

Донишгоҳ 90-сола мешавад

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи давлатиии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ яке аз мактабҳои олии бонуфузу деринсоли ҷумҳурӣ буда, дар таъмини соҳаи имтиёзманди ҳаёти мамлакат – маориф бо мутахассисони  варзида нақши  меҳварӣ  дорад.

Солҳои охир донишгоҳ бештар ободу муҷаҳҳаз мегардад ва чунонки ҷадвали рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар собит месозад, ин ҷо сатҳи таълиму тарбия пайваста боло меравад. Зимни нишасти матботӣ дар ин таълимгоҳи бонуфуз ректори он, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар суханронии ифтитоҳиаш аз дастоварду навгониҳои тозаи аҳли донишгоҳ ба ҳозирин иттилоъ дода, таъкид кард, ки ҳоло ҷидду ҷаҳди тамоми  кормандон барои   сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Донишгоҳ дорои 14 факулта буда, беш аз 20 ҳазор донишҷӯро (дар шакли таҳсилоти рӯзонаву ғоибона) дар бар мегирад. Ин ҷо беҳтарин ва номвартарин  устодони ҷумҳурӣ ба таълиму тарбияи омӯзгорони оянда машғуланд. Танҳо дар давоми чаҳор моҳи аввали соли равон як нафар рисолаи докторӣ ва шаш нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданду сездаҳ нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадиашон қарор доранд.

Устодони донишгоҳ ҳамбаста ба машғулиятҳо бо шогирдон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешаванд, китобу дастурҳои илмию методӣ, мақолаҳои гуногунмавзӯъ таълиф менамоянд. Дар мураттабсозӣ ва таҳияву таҳрири барномаҳои таълимӣ аз фанҳои гуногун ва китобҳои дарсӣ низ устодон фаъолияти ҳамешагӣ доранд. Танҳо дар давоми панҷ моҳи сипаригаштаи соли равон дар нашрияҳои гуногуни мамлакат беш аз 500 мақолаи устодони донишгоҳ ба табъ расидааст. Дар донишгоҳ се маҷалла – «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ» (илмӣ таҳқиқотӣ), «Муҳаққиқ» (пажӯҳишгарони ҷавон), «Навруста» (мутарҷимон) ва як ҳафтанома – «Омӯзгори ҷавон» пайваста ба нашр расида, барои саривақт чоп шудани эҷодиёти устодону донишҷӯён имконоти мусоид фароҳам меоваранд.

Айни замон дар донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия марбут ба илмҳои педагогика, филология ва география, се шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илмҳои филология, химия, биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.

Таълиму тарбияи фарогиру шоистаи донишҷӯён ҳадафи асосии роҳбарият ва устодони донишгоҳ мебошад. Вобаста ба ин ҳамвора тадбирҳои зиёд андешаву чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ва аз ин ҷост, ки солҳои охир сатҳи таҳсилоти омӯзгорони оянда хеле боло рафтааст. Донишҷӯёни донишгоҳ моҳи апрели соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ гардида, дар ҳисоби даставӣ байни мактабҳои олии мамлакат мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳам дар байни кормандон ва ҳам дар байни донишҷӯён дар сатҳи баланд баргузор гашт ва дар ҷамъбаст як  гурӯҳ фаъолон барои иштирок дар давраи ноҳиявӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ теъдоди зиёди донишҷӯён аз тамоми факултаҳои таълимгоҳ ширкат варзиданд.

Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ дар донишгоҳ маҳфилҳои илмию адабӣ созмон дода шуданд ва гурӯҳе аз донишҷӯёни факултаи таърих муддате дар ҳафриёти ин мавзеи бостонии диёр бевосита иштирок доштанд.

Раёсати донишгоҳ ба таҳсилу фароғати донишҷӯёни ятиму бепарастор таваҷҷуҳи ҳамешагӣ  дорад ва ҳар моҳ илова ба тадбирҳои дигар ба ин гурӯҳ донишҷӯён аз ҳисоби маблағҳои махсус дар ҳаҷми 5200 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.

Робитаҳои донишгоҳ бо мактабҳои олии хориҷӣ пайваста вусъат меёбад ва айни замон ошёни омӯзгорони ҷавон бо беш аз 70 донишгоҳу донишкадаи хориҷи мамлакат ҳамкориҳои судманду серҷабҳа дорад…

Ректори донишгоҳ дар давоми нишасти матбуотӣ ба чандин суоли хабарнигорон бо далелҳои муътамад посух гуфта, зимнан иттилоъ дод, ки соли оянда Донишгоҳи омӯзгорӣ 90-сола мешавад ва ба ин муносибат ва ҳамчунин, ба ифтихори 80-солагии шогирди ифтихории донишгоҳ  - Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ баргузории як силсила маҳфилу конфронсу озмунҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

М.Абдурауф

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш