Нашрияи Омӯзгор

Нуфузи донишгоҳ баланд мешавад

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Муовини аввали  ректори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба таълим Маҳмуд Тошматов  дар нишасти  матбуотӣ ба рӯзноманигорон аз раванди таълим, корҳои тарбиявӣ, таҳқиқотҳои  илмӣ ва татбиқи амалии онҳо,  робитаҳои  байналмилалӣ ва масоили хоҷагидорӣ  иттилоъ дод. Донишгоҳ тӯли фаъолияташ бештар аз сездаҳ  ҳазор мутахассис тайёр намудааст, ки зиёда аз 600 нафарашон дипломи аъло доранд.

Бо мақсади баланд бардоштани нуфуз ва рақобатпазирии донишгоҳ ва низоми сифати таҳсилот бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта донишгоҳ тавонист дар моҳи феврали соли ҷорӣ се барномаи таълимии худро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронда,  соҳиби сертификат гардад. ДДТ яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурист, ки ин амалро ба анҷом расондааст. Чунин натиҷагирӣ имкон медиҳад, ки дипломҳои хатмкунандагони барномаҳои номбурда дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, шогирдони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ бе зарурати исботи баробарарзишии дипломи худ фаъолият намуда, мутахассиси рақобатпазир гарданд.

Чунонки М. Тошматов зикр намуд, вобаста ба эълон намудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки байни донишҷӯён ду озмун – «Ихтироъкори ҷавон» ва «Лоиҳаҳои инноватсионӣ» - ро баргузор намояд. Оид ба қадрдонии ғолибони озмун ва олимпиадаҳо мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 5000 сомонӣ  муқаррар гардидааст. Ба хотири тарғиби китобу китобхонӣ дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Нақши китоб дар ташаккули иқтидори зеҳнии ҷавонон»  ва озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Беҳтарин ҳадя китоб аст» баргузор гардид.

 

Ҳотами  ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш