Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурда

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори он Қобилҷон  Хушвахтзода оид ба фаъолияти шашмоҳаи донишгоҳи мазкур ба рӯзноманигорон  маълумот дод. Қайд гардид, ки ин донишгоҳ дар фаъолияти беш аз ҳафтодсолаи худ ҳазорҳо  шогирдро тарбия намуда, ба арсаи  кор равона кардааст. Айни замон дар ин ҷо 23 808 нафар донишҷӯ аз рӯйи 112  ихтисос  дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯйи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисос доктор РhD, доктор аз рӯйи ихтисос мутахассисон омода мегарданд. Таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Чунонки ректор иттилоъ дод, алҳол дар 118 кафедраи донишгоҳ 13 нафар академик ва 14 нафар узви вобастаи  АМИ Тоҷикистон, 179 доктори илм, 512 нафар номзади илм фаъолият менамоянд. Дар баробари ин, дар донишгоҳ 718 омӯзгори унвони илмидори доимӣ ба шогирдон машғулият мегузаронанд.

- Дар  баланд бардоштани  сифати тайёр кардани мутахассисон, ташкили самараноки  кори таълим  ва таҳияву дастрас намудани маводи таълимӣ саҳми Шӯрои илмии донишгоҳ калон аст, - ироа дошт ректор. – Бо ташаббуси Шӯрои илмию методии донишгоҳ  монографияю китобҳои дарсии зиёде, ҳамчунин, 12 барномаи таълимӣ, 38 воситаи таълимию дастури методӣ, даҳ китоби дарсӣ ба чоп тавсия гардидааст. Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултаҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ  2477 компютер, 117 адад тахтаи электронӣ, 176 видеопроектор ва ғайра мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ректор Қ. Хушвахтзода  гуфт, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар  соҳаи  маориф»  бо ибтикори АМИ Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  баргузор шуд. Дар он дастаи олимпии донишҷӯёни ДМТ бо гирифтани чор ҷойи аввал ва ду ҷойи дуюм ғолиб баромада, сазовори ҷойи аввал ва диплому Ҷоми АМИ Тоҷикистон гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти таъсиси ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисодиёти мамлакат ҷавобгӯй факултаи баҳисобгирию иқтисодӣ ба факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ тағйири ном кард. Тағйироти мазкури сохторӣ бо мақсади ба низом даровардани раванди корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Қ. Хушвахтзода дар робита ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолият дар донишгоҳ, аз ҷумла,  Шӯрои олимон, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотӣ, фаъолияти байналмилалӣ ва молиявию  хоҷагидорӣ изҳори назар намуд.        

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш