Нашрияи Омӯзгор

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунёд карда шудааст, ки дар қатори дигар иншооти бунёдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.

Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида, дар бунёди роҳравҳо ва ҳудуди ин мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст.

Қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш