Нашрияи Омӯзгор

Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ман омӯзгорам деҳотам ва бо фаъолияти омӯзгорони деҳот аз наздик шиносам. 20 соли ҳаёти худро дар ин ҷода сарф карда бошам ҳам, рӯз то рӯз меҳру муҳаббатам нисбат ба ин пешаи пурифтихор зиёд гашта истодааст. Меҳри ин касбро аз хурдӣ дар дилам мепарваридам, чунки падарам то ба нафақа баромадан омӯзгор буд.

Беш аз 44 соли умри хешро ба тарбияи насли наврас бахшидааст. Устоди беҳтарини ман дар ин ҷода падари бузургворам мебошад. Дар бораи меҳнатдӯстию ошиқи пешаи худ будани падарам ҳарчи бигӯям, кам гуфтаам. Шогирдонашро фарзандвор дӯст медошт. Ҳамеша мекӯшид, худомӯзӣ кунад, маҳорати касбияшро такмил диҳад. Устоди дӯстдоштаи хонандагон буд, падарам. Чи дар мактаб ва чи берун аз мактаб, ҳамеша ӯро дар ҳалқаи шогирдон медидем. Берун аз дарс низ бачаҳо барои посухи дилхоҳ саволашон ба ӯ муроҷиат мекарданд ва падарам ба онҳо  маслиҳатҳои неку муфиди фаровон медод. Имрӯз дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

  Қиблагоҳам ба фарзандон низ ғамхору меҳрубон буд. Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аксари мардум аз норасоии маводи ғизоӣ дар ранҷу азоб буданд, сару либоси дуруст надоштанд. Баъзеҳо «нон» гуфта, ҷон медоданд. Аммо падари бузургворам дар он шабу рӯзи пурдаҳшат мекушид шикамамон серу танамон пӯшида бошад. Чанде пеш дар бораи худфидоии падарон навиштаи гуҳарбореро хондам. Муаллиф менависад: «Падари ман «дурӯғгӯст», медонед, чаро? Вақте ки ман хурд будам, падарам аз кор бармегашт, ба наздаш омада, дар оғӯшаш медаромадам ва мепурсидам: Падарҷон, шумо монда ҳастед? Мегуфт: Не, ҷони падар. Ғамгин мебуд. Мегуфтам: Мушкилие доред? Мегуфт: Не, ҷони падар. Борҳои вазнинро мебардошт. Мегуфтам: Вазнин нест?  Мегуфт: Не, ҷони падар.  Ғизоро дар назди мо мемонданду бо модарам аз он даст мекашиданд. Мегуфтам: шумо гурусна нестед? Мегуфт: Не, ҷони падар. Дар рӯзҳои иду аввали соли таҳсил ба мо либоси нав мехарид, аммо худаш бо либоси куҳна мерафт сари кор. Мегуфтам: Шумо либоси нав намехаред? Мегуфт: Писандам нест, ҷони падар.

Рӯзҳо гузаштанд. Бузург шудам, фаҳмидам, ки ба истироҳат ниёз дошт, хӯроки болаззатро нағз медид, ба либоси нав ҳам эҳтиёҷ дошт, аммо барои ба таври шоиста ба воя расонидани мо азоб кашид, пир шуд, мӯйи сарашро сафед кард. Ба хотири моро наозурдан «дурӯғ» мегуфт, ки серам, монда нестам, либоси нав намехоҳам…».

Ин нақли омӯзанда ба зиндагии мо монандии бешумор дошт. Дар айёми сахти рӯзгор падари ман ҳам ҳамин тавр ранҷ мекашид, аммо ба мо-фарзандон ошкор намекард, то дилтангу нороҳат нашавем. Ҳама мушкилоти зиндагиямонро ҳамроҳи модарам дар миён мегузошту моро бе ягон нигаронӣ ба камол мерасонид. Имрӯз, ки худам бузург шудааму ҳамкасби падарам ҳастам, (яъне, омӯзгорам) аз сирру асрори падарам бохабар шудам. Ба падарам мегӯям, ки шумо ҳама мушкилии зиндагиро аз мо пинҳон кардеду фарзандонро бо маоши омӯзгорӣ ба ин рӯзҳои хушу пурсаодат расонидед.

Падари бузургворам-Зариф Ҷалилов соли 1946 дар деҳаи зебоманзари Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар оила фарзанди ягона буду волидон бо як ҷаҳон орзуву ҳавас ӯро тарбия менамуданд. Азбаски иззату эҳтироми омӯзгор   баланд буд, мехостанд, ки фарзандашон пешаи омӯзгориро аз худ кунад, бинобар ин, Зарифи хурдакакро «муаллимҷон» мегуфтанд. 6-сола буд, ки модари меҳрубонашро аз даст дод. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (факултаи физика-математика) дохил шуда, соли 1970 онро сарбаландона хатм кардааст.

Падарам дар мактаб аз фанҳои физика ва математика ба толибилмон дарс мегуфт. Аз ин ҷиҳат, вақте аз тарафи Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, шодияш интиҳо надошт.

Қиблагоҳам омӯзгори физикаю математика буд, аммо фарҳангу санъатро хеле дӯст медошт. Озмуну чорабиниҳои мактаб ва деҳаамонро бо як маҳорати баланд мегузаронид. Дар фасли баҳор ва айёми иди Наврӯзи дилафрӯз шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ҳангоми сабти наворҳои наврӯзӣ дар шаҳри Кӯлоб падарамро даъват мекарданд ва ӯ ҳам ёрии беғаразонаашро ба онҳо мерасонид. Дар мактаб маҳфилҳои фаннӣ ва шабнишиниҳои адабӣ гузаронида, бо намоишномаҳои рангоранг пайваста табъи мардуми деҳаро  шод менамуд.

Аз давраҳои мактабхонӣ ба шеъру суруд завқи калон дошт, худаш ҳам шеър менавишт. Соли 2007 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Офтоблиқо» ба табъ расид. Маҷмӯаи дуюмаш бо номи «Розу ниёз» низ чоп шуда, дастраси мухлисону ҳаводорони адабиёт гаштааст. Хидматҳояш дар соҳаи илму маориф бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ (2010, 2017) қадрдонӣ гардидааст.

 

Шаҳло Ҷалилова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №19-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш