Нашрияи Омӯзгор

Зиндагӣ як лаҳзае н-осудан аст!

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ҳикмати машҳури Абулқосим Лоҳутӣ – «Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?» иртиботи қавӣ ба ҷавонмардӣ дорад. Таассуф аз он аст, ки на ҳар кас ва на ҳар шаб (фарҷоми рӯз) ба ин суоли таъкидбунёду моҳиятҷӯ посухи шоиставу шарафмандона дармеёбад.

Барои ҳар шаб ба ин суол сарбаландона посух гуфтан бояд «ҳар соате, ҳар лаҳзае» бо зиндагӣ ҳарб кард, бояд боазму ирода, ҷӯяндаву талошгар буд, бояд гӯш бар ин фармудаи Фирдавсии хирадгустар ниҳод: «Таносоию коҳилӣ дур кун, Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун». Воқеан ҳам, зистан барои ҳар фарди бошараф ва баномус саҳл коре нест, зеро афроде чунин барои барҳадару беасар нарафтани ҳар лаҳзаи умри азизи хеш талош меварзанд ва тан ба накукорию нақшгузорӣ мепечанд. Ҳар кас аз ин лиҳоз метавонад аз дӯстону шиносону наздиконаш чандеро ба гунаи мисол ном бигирад ва тафсири кӯшишҳову талошҳояшонро бикунад. Шоир ва рӯзноманигори пуркору равшанзамир, ҳаводори дерини ҳафтаномаи «Омӯзгор» Исмоил Зарифӣ дар силки ҳамин гуна ашхоси шарафманд мақом дорад. Ӯ аслан ба пешаи омӯзгорӣ гаравидааст ва солиёни зиёдест, ки самимонаву ғамхорона ба шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри  Панҷакент аз забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяду дар шумори устодонест, ки ҳар дарсашон замзамаи муҳаббат аст. Ҳамбаста ба ин, пайваста   шеър эҷод мекунад ва номаш дар қатори шоирони пурмаҳсули диёр ба забон меояд.

Исмоил Зарифӣ муаллифи беш аз чиҳил китоби гуногун буда, ҳам шеър, ҳам ҳикоя, ҳам мақола ва ҳам тақризу ёддошт менависад, ба тарҷума ҳам шуғл меварзаду бо таҳия низ сарукор дорад. Ба фаъолияти ҷамъиятӣ низ гаравиш дораду ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент интихоб шудааст.

Вусъати мавзӯъ дар ашъори ин шоири кӯшо касро ба ваҷд меорад. Тақрибан ба кулли соҳоти зиндагӣ нигоҳи шоирона афкандаву амиқбинона мазмуне дарёфтаасту ба он ҷомаи шеърро қоим овардааст. Хеле равону самимӣ шеър мегӯяд ва аз ин рӯ, шеъраш «сар занад аз дил ба дил коре кунад». Яъне, нигоштаҳои Исмоил Зарифӣ пайванди устувор бо воқеият доранд, ҳадафгиру дилпазиранд ва ҳикмате судманд аз онҳо барчида мешавад. Аз ин лиҳоз таваҷҷуҳ ба ин иқтибос бикунем:

Зиндагӣ бар худ асират

мекунад,

Гоҳ шоду гаҳ ҳақират

мекунад…

Гоҳ бахшад боли парвози

баланд,

Аз ҳасад гаҳ захми тират

мекунад…

Гар ту аз давлат намоӣ

ифтихор,

Муфлису хору фақират

мекунад.

Лутфи сухан, фасоҳати баён, ҷойгузинии шоистаи вожаҳо ва риояи мантиқу таносуби гуфтор дар ашъори шоир равшан ба мушоҳида мерасад ва хонандаро писанду хушоянд аст чун дар ин пора:

Мегузаштӣ аз барам, кошона

бӯи гул гирифт,

Зарраҳои хоки ин вайрона бӯи

гул гирифт…

Дӯш дар ёди висолат то саҳар

месӯхтам,

Сӯзишамро дида оташхона

бӯи гул гирифт…

Исмоил Зарифӣ ҳамчун фарзанди айёми худ ва ҳамчун як тан ватандори асил вобаста ба муҳимтарин рухдодҳои зиндагӣ ашъори иҷтимоӣ гуфтаву мавқеи шаҳрвандиашро ифшо сохтааст ва ҳамагонро ба воқеъбинию адолатпарварӣ даъват бинмудааст. Силсилаи бардавоми шеърҳои ӯ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, фидокорони Ватан, ҳаводиси фараҳбахши мамлакат, бунёди нақбҳову роҳҳову  неругоҳҳои барқи обӣ, ситоиши мавзеъҳои бостонӣ ва манзараҳои марғуби диёр ҷанбаи қавии ватандӯстонаву башарпарварона дорад. Чунончи, ин шоири номвар ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ як даста шеъри пурмуҳтаво гуфтааст, ки саршор аз ҳисси волои ифтихор аз диёри  арҷманд ва ниёгони баруманд мебошад. Ин рубоӣ аз ҳамин даста аст:

Дар дашти Саразм боғи нав

пайдо шуд,

Бар ҳусни Саразм қалби мо

шайдо шуд.

Бо ҷаҳди ду-се марди бузурги

миллат

Асрори Саразм сар ба сар

ифшо шуд.

Дафтари шеъри Исмоил Зарифӣ аз нигоҳи жанр низ фарогир аст. Ҳам ғазал менависаду ҳам маснавӣ, ҳам рубоӣ мегӯяду ҳам дубайтӣ, ҳам қитъа эҷод мекунаду ҳам мухаммас, ҳам назирагӯй асту ҳам  нақизанавис. Ба навиштани ашъори ҳаҷвӣ низ шуғл варзидаву комёб гаштааст. Барои кӯдакон ҳам шеър мегӯяд ва ин гуна ашъорашро хонандагон гарм пазируфтаанд.

Ин эҷодкори ғайратманд илова бар ин ҳама «гирумон» -аш мунтазам  ба таҳия ва баргардони ашъори зумрае аз шоирони мумтоз аз хати ниёгон ба алифбои имрӯзини мо машғул мешавад ва дар ин самт тани танҳо корҳоеро фарҷом  бахшидааст, ки аз сари инсоф бигӯем, аслан ба фаъолияти як шуъбаи пажӯҳишгоҳе марбут ба адабиёт ҳамсанг аст. Ба шарофати заҳмати сангину бардавому самарбори Исмоил Зарифӣ имрӯз доираи васеи хонандагони тоҷик  ашъори шоирони тавоно Саққои Бухороӣ, Фонӣ, Урфии Шерозӣ, Зебуннисо, Қудсии Машҳадӣ, Бӯалӣ Қаландар, Иброҳим Шоҳидӣ, Муҳйии Хуқандӣ, Сайфиддини Бохарзӣ, Исмати Бухороӣ, Розиқи Фонӣ, Аббоси Сабуҳӣ, Шоҳидии Муғлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Туғрои Машҳадӣ…-ро бо хати кириллӣ мутолиа мекунанд ва имкони рӯи даст овардани девони шеърашонро доранд.

Шоир, муҳаққиқ, рӯзно-манигор ва омӯзгори варзида Исмоил Зарифӣ имсол ба муносибати 65-умин солгарди умри пурбаракаташ, ки муборакашон бод, китоби нави ашъорашро бо номи «Замини меросӣ» пешкаши аҳли адаб намуд. Ин китоб, ки 400 сафҳа (35 ҷузъи чопӣ)-ро дар бар мегирад, бори дигар вусъати эҷодиёти эҷодкори барӯманд ва маҳорати баланди шоирии ӯро ба ҷилва овардаву собит бинмудааст…

Ин як назари иҷмолӣ ба паҳнои фаъолияти Исмоил Зарифӣ собитгари он аст, ки ӯ ба ҳамон ҳикмати волои дар оғоз овардаи мо аз Лоҳутӣ ҳар шаб метавонад ҷавобе арзанда ва пурдалел бигӯяд, зеро ҳар рӯзаш пурбор аст, ҳар рӯзаш  иртибот бо навгоние дорад, ҳар рӯзаш бозгӯи хитобаи «Ватан, ҳар лаҳза баҳрат ҷоннисорам» мебошад.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш