Нашрияи Омӯзгор

Муаррихи заҳматкаш ва ҷӯянда

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Дар зиндагӣ инсон бо шахсиятҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Мутаассифона, кам дар кам инсонеро пайдо кардан мумкин аст, ки эҳсоси ба ӯ пайрави кардану ҳамсуҳбат шуданро кас дар дил орзу накунад.

Шавкат Шарифовро ман аз зумраи  чунин инсонҳо мешуморам. Зеро ӯ дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ - хоксорӣ, ростқавлӣ, донишмандӣ ва масъулиятшиносӣ буда, барояш   бетарафӣ,  дурӯягӣ, беҷуръатӣ, тамаллуқ барин хислатҳои ношоис-та тамоман  бегона мебошад.

Ҳаёту фаъолияти олими шинохта Шавкат Шарифовро ба се марҳала тақсим намудан мумкин аст:

Нахуст, айёми таҳсил ва хидмат ба Модар-Ватан, дуюм, иҷрои вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ ва сеюм, пажӯҳишҳои илмии олим дар риштаи ғафуровшиносӣ ва тамаддуну фарҳанги давраҳои гуногуни таърихи пурифтихори халқи тоҷикро дар бар мегирад.

Агар ба давраи аввали ҳаёти мавсуф назар кунем, маълум мегардад, ки Шавкат Шарифов дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи омӯзгор Шарифҷон Пӯлодов ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна Шавкат Шарифов, соли 1971 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гашта, соли 1976 онро бо муваффақият хатм мекунад. Дар давоми таҳсил дар донишгоҳ ӯ худро ҳамчун донишҷӯи болаёқат ва маърифатдӯсту фаъол нишон дода, сазовор ба гирифтани стипендияи аъло  гардида буд.

Шавкат Шарифов баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро  дар кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) оғоз  намуд.

Сипас, бо даъвати доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Аҳрор Мухторов ба яке аз марказҳои бонуфузи илмию тадқиқотии кишвар, шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш, аввал ба сифати лаборант, баъди  гузаштан аз озмуни даврии он, ҳамчун ходими хурди илмӣ фаъолияти худро идома медиҳад.

Солҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатии Шавкат Шарифов ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ алоқаманд буда, тайи солҳои 1992-1995 ӯ дар кафедраи таърихи умумии донишгоҳи мазкур аввал омӯзгор, сипас, вазифаи сармуаллими кафедраро бар уҳда дошта, дар тарбияи мутахассисони донишгоҳ низ саҳми арзанда мегузорад.

Фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгории Шавкат Шарифов ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваст мебошад. Аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Боиси зикр аст, ки ӯ солҳои 2013-2014 вазифаи декани факултаи таърих ва ҳуқуқро ба уҳда дошт. 

Замоне ки Шавкат Шарифов ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон ба кор омад, таҳти роҳбарии Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов ба таҳқиқи рӯзгор ва  осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров машғул мегардад ва яке аз ғафуровшиносони замон эътироф мегардад. Ҷустуҷӯ, пажӯҳишу  заҳматталабии ӯ буд, ки бо ҳаммуаллифии устодаш А.Мухторов се рисола бо номи «Академик Бобоҷон Ғафуров» (солҳои 1983, 1988, 1989) бо забонҳои русӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонид. Ин рисолаҳо нахустин тадқиқотҳо дар самти омӯзиши ғафуровшиносӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, Шавкат Шарифов доир ба ҳаёту фаъолият, осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров  зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ нашр намуда, дастраси аҳли илму адаб ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ гардонидааст.

Ш.Шарифов мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва аксари мақолаҳои китоби «Звезда – сияющая знанием и добром» (Сборник статей, воспоминаний и документов о великом сыне таджикского народа, Героя Таджикистана, академике Бободжане Гафурове)» мебошад, ки соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 90 - солагии зодрӯзи Б.Ғафуров ва 1100 - солагии давлати Сомониён ба чоп расид.

Натиҷаи ҷустуҷӯ ва шабҳои бедорхобии  Шавкат Шарифов самараи хуб ба бор оварданд. Вай соли 2002 дар мавзӯи «Саҳми академик Б.Ғафуров дар инкишофи илми ховаршиносӣ» рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намудааст.

Ҳоло Шавкат Шарифов  ҳамчун донанда ва пажӯҳишгари васиқаҳои асримиёнагӣ дар мавзӯи «Дипломатикаи тоҷик: аз таърихи таҳқиқу омӯзиш ва дурнамои пажӯҳиши он» тадқиқоти илмӣ мебарад ва ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст.

Устод Ш.Шарифов дар мураттабсозии як қатор рисолаҳо саҳм гузоштааст. Аз ҷумла, дар  ҳамкорӣ бо профессори  кафедраи таърихи Ватан ва археология, доктори илмҳои таърих Ваҳҳоб Набиев ба таҳияи маҷмӯи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Паём ва рисолати созандаи он»,  маҷмӯи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи нусратовар ва ваҳдатофар» машғул мебошад.

Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,

омӯзгори мактаби №40,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш