Нашрияи Омӯзгор

«Шери Панҷшер» - шахсияти пурмуаммо

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Аҳмадшоҳи Масъуд, мутахаллис ба «Шери Панҷшер» соли 1954 дар дараи хушманзари Панҷшери вилояти Парвон,  дар хонаводаи низомии касбӣ, полковник чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Гузаштагонаш аз Даҳбеди Самарқанд ҳастанд. Даҳбедиҳои Самарқанд дар асри XIV бар асари ҳамлаи ақвоми турку муғул ба Панҷшери Афғонистон кӯч бастаанд. Масъуд тахаллуси ӯст. Ӯ ин лақабро, ки  маънои саодатманд ва ё хушбахт буданро дорад, соли 1975 зимни аввалин қиём (шӯриш) дар дараи Панҷшер ба худ касб намудааст. Миллаташ тоҷик. Баъд аз хатми литсей дар факултаи муҳандисии донишгоҳи  Кобул таҳсил кардааст. Баъдтар ба минтақаи Панҷшер меояд ва гурӯҳи мусаллаҳеро ташкил намуда, ба муассисаҳои давлатӣ ҳамлаҳои густохона анҷом медиҳад.

Баъд аз нокомиҳо ва шикастҳо ба Покистон меояд. Лекин бар асари муноқиша бо Гулбиддини Ҳикматёр озими Миср мегардад. 

Соли 1978 дар Покистон бо Бурҳониддини Раббонӣ наздикӣ ҷуста, сардори яке аз дастаҳои мусаллаҳ таъйин мегардад ва баъдан ҷиҳати мубориза бо режими Кобул ба Афғонистон фиристода мешавад. Ҳамин тавр, номбурда яке аз пештозони мухолифони низомӣ мегардад. Дар интишороти Ғарб ӯ ғолибан ҳамчун як нобиғаи низомӣ, муҷоҳиди ғолиб ва ё пирӯз дар Афғонистон ба қалам дода мешавад.

Воқеан ҳам, ӯ ҳамчун роҳбари нодири қувваҳои мухолиф дар Афғонистон эътироф шудааст. Номбурда   маҳорати хуби ташкилотчигӣ дошт. Сарфи назар аз «шикорҳо»- и хадамоти махсуси Шӯравӣ ҷон ба саломат бурд. Бо ин ҳама обрӯ ва эътибори ӯ боло мерафт. Чаро? Қабл аз ҳама,  ӯ амалиёти муҳорибавиро  ҳадафи шахсӣ қарор намедод, балки бо аҳдофи сиёсиву низомӣ тавъам месохт. Нисбат ба мардуми бумӣ бедодгарӣ намекард. Дар минтақаҳои таҳти тасарруфаш масҷиду мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва барои зарардидагони ҷанг масканҳо бунёд мекард, роҳ месохт, ба деҳқонон барои кишт кумак мекард, ба манотиқи душворгузар маводи ғизоӣ мерасонид…

Аз ҷониби дигар, ба таълими низомии тобеонаш пайваста таваҷҷуҳ мекард. Дастаҳои Аҳмадшоҳ аз лиҳози моддӣ танқисӣ надоштанд. Роҳи Ҳайратон - Кобул зери тасарруфаш қарор дошт. Аҳмадшоҳ аз тариқи ҳамлаҳои низомӣ ба корвонҳои пурбор сарбозон ва аҳолиро бо маводи сӯхт ва хӯрокворӣ таъмин менамуд. Масъалаи кашф (разведка)-ро хуб ба роҳ монда буд. Зимни сарбозҷамъкунии ҳукуматдорон кӯшиш мекард, ки намояндагонаш дар қисмҳои ВКД ва КАД хизмат кунанд, то ки маълумоти зарурӣ ва дақиқро тавассути онҳо дастрас намояд.  Аҳмадшоҳ аз сабки ҷанги чирикӣ (партизанӣ) хуб огаҳӣ дошт ва дар ин замина ба Че Гевара (риҷоли инқилобии кубагӣ) ва Мао Сзедун (арбоби сиёсиву давлатии Чин)  пайравӣ менамуд. Баъзан ба рӯзноманигорони ҳориҷӣ аз чунин маҳораташ хеле меболид. Мавриди зикр аст, ки Аҳмадшоҳ дар амалиёти муҳорибавӣ бевосита иштирок мекард. Ин иқдом ба тобеонаш илҳом мебахшид. Ӯ дар ҷое ду маротиба пайи ҳам сукунат ихтиёр намекард. Хеле серҳаракат буд. Лекин сабаби асосии нокомиҳо дар мубориза  алайҳи ӯ ин бо мардум кор карда натавонистани ҳукуматдорон бошад, аз ҷониби дигар, андешаҳои инсондӯстии ӯ буд.

Аслан, Аҳмадшоҳи Масъуд шахси ҳушёру доно ва дар айни замон ҳилагар буд ва зиндагии асроромез дошт. Чунончи, баъд аз шикаст дар амалиёти муҳорибавии соли 1980 (9-12 апрел) бо фармондеҳии Артиши 40-ум мусолиҳа эълом намуда, қавл дода буд, ки дар сурати дарёфти кумакҳои низомии Шӯравӣ дар муқовимат алайҳи Ҳизби Исломии Афғонистон ба қисмҳои низомии Артиши Шӯравӣ ва ҷузъу томҳои далатии Афғонистон ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом намедиҳад. Мунтаҳо ба ваъдааш устувор намонд. Дар Афғонистон баъзеҳо ӯро як қаҳрамони миллӣ меҳисобанд, ҳол он ки дар ин давлат «миллат» мафҳуми нисбӣ буда масъалаи миллӣ ҳанӯз аз доираи муносибатҳои қавмиву қабилавӣ берун набаромадааст. Албатта, Масъуд низ мисли дигар мухолифони режими Кормал гоҳ бо Шарқу  гоҳе ҳам  бо Ғарб ҳамкорӣ мекард. Аҳмадшоҳ аз ҷониби Фаронсаву Эрон ҳамчу як фарди ориёитабор дастгирӣ мешуд  ва аз сӯи дигар, вақте ки соли 1988 шӯравиҳо тасмим гирифтанд аз хоки Афғонистон берун шаванд, ин ду давлат ҳиларо пеш гирифтанд. Зеро медонистанд, ки русҳо баъд аз инҳилоли режими Наҷибулло бинобар мувофиқ набуданаш бо андешаҳои фундаментализми исломӣ ҳатман ба Масъуд кумакҳои моддиву маънавӣ мерасонанд. Ин ду давлат бо дарназардошти он ки манфиатҳояшон дар Афғонистон ҳифз шаванд, ба кумаки аҳзоби исломигаро шитофтанд. Аз ҷониби дигар, Аҳмадшоҳ низ намехост бо ҳизбҳои исломӣ, махсусан бо Гулбиддини Ҳикматёр алоқае дошта бошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҳизби исломӣ бо сарварии Ҳикматёр ҳамеша мадди назари Покистон қарор дошт, зеро ҳар кумакеро, ки ба ӯ   Шарқу Ғарб анҷом медод, тавассути Покистон интиқол меёфт ва ин давлат аз ин кумакҳо манфиатдор буд ва луқмаи худро мегирифт.

Ниҳоят, бахти Аҳмадшоҳ хандид. Русҳо бо Аҳмадшоҳи Масъуд  муросо намуданд, ба кумакаш шитофтанд. Ағбаи Соланг ба рӯи русҳо боз буд. Сели мошинҳову галаи чархболҳо бо маводи ғизоиву муҳиммоти ҷангӣ ба дараи Панҷшер ҳаракат намуданд.

Ин ҳама ба амрикоиҳо хуш намеомад. Ҳамин буд, ки 9 сентябри соли 2001 «Шери Панҷшер» бо дастури амрикоиҳо тавассути як зани рӯзноманигор кушта шуд. Аслан ҳамчун қаҳрамон баҳо додан ба Масъуд хеле мушкил аст. Шахсе, ки ҳамеша – ҳам зимни салтанати вопасин намояндаи сулолаи Нодириҳо, ҳам дар замони президентии Довуд, ҳам дар давраи роҳбарии Таракиву Ҳафизулло Амину Бабрак Кормалу Наҷибулло ва ҳам дар марҳалаҳои баъдӣ бо мақомоти олии давлатӣ даст ба гиребон буд ва аз тиру туфанг истифода менамуд, чӣ гуна метавонад қаҳрамон бошад? Баъзан ифтихораш чунон  боло мерафт, ки шабеҳи «Боди афғон» буд. Ҳамин «Боди  афғон» боре ҳам ӯро ба хонаводаи яке аз тоҷикони шуҳратёр овард. Зимнан дар он ҷо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерал Руслан Аушев (иштирокчии чандин амалиёти муҳорибавӣ дар Афғонистон, аз ҷумла, дар дараи Панҷшер) низ ҳузур доштааст.  Аҳмадшоҳ бо виқор ва ҳавобаландӣ иброз медорад, ки  «магар ҷангбохта метавонад унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дошта бошад?»

Ин ҷо мехоҳам суолеро матраҳ кунам. Оё   замоне дар мулки афғон оромӣ буд? Бале, фақат дар замони ҳукмронии поягузори давлати афғонҳо Аҳмадшоҳ-Бобо (солҳои 1747-1773), ки пойтахти Афғонистон шаҳри Қандаҳор буд ва каму беш дар замони салтанати Амонуллохон (солҳои 1919-1929). Моҷаро одати доимии афғонҳост, аммо ҳамин ки бегонае бо нияти бад ба мулкашон ворид мешавад, сарфи назар аз мансубияти қавмиву қабилавӣ фавран муттаҳид мегарданд. Масъуд ҳамагӣ 48 сол умр дидааст. Се забонро медонист. Ин «қаҳрамон» агарчи, баъд аз баромадани Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ чор вилоят (Парвон, Тахор, Бағлон ва Бадахшон)-ро дар ихтиёр дошту дар ин ҳудуд ҳукумати худро таъсис дода буд, бо Ҳикматёру Дӯстум забон ёфта натавонист. Илова бар ин, ӯ натавонист дар пойтахти Афғонистон дар баробари ин ду нафар нуфуз дошта бошад.  

Тайи солҳои 1980 -1985 барои аз байн бурдани Аҳмадшоҳи Масъуд 9 маротиба амалиёти муҳорибавӣ (4 маротиба амалиёти муҳорибавии доманадор) гузаронида шудааст. Қариб ҳамаи муҳорибаҳо бо гуфтушунид  ва таоҳуди мусолиҳа анҷом ёфтаанд, лекин бе натиҷа.

 

Суҳроб Ҳасанов,

мутахассиси пешбари шуъбаи илми КТИ дар шаҳри Панҷакент (иштирокчии воқеаҳои сиёсиву низомии Афғонистон дар солҳои 1981-1982 ва 1984-1988)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш