Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ - 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Баъд аз  шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору ҳуҷраҳои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон Роҳбари давлат аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо  таманно намуданд. Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбоби мусиқӣ тақдим гардид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш