Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид ва дар он 15 донишҷӯ бо дипломи аъло сарфароз гашт. Дипломҳоро ректори донишкада Рауф Олимӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон тақдим кард.
Мавриди зикр аст, ки ин мактаби олиро соли ҷорӣ 635 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 585 нафар сазовори дипломи бакалавр гардиданд. Дар шуъбаи магистратура 22 нафар, аз ҷумла, 2 нафар сазовори дипломи аъло шуданд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр