Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фарогир: мушкилотро ҳал бояд кард   

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Масъалаи ба таҳсилоти инклюзивӣ (таҳсилоти фарогир) ҷалб кардани кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар кишвари мо таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Таҷрибаи кишварҳои хориҷа ва солҳои охири Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки таҳсили якҷояи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва кӯдакони солим самарабахш аст, аммо ҳанӯз ҳам як қатор мушкилоти таҳсилоти фарогирро номбар кардан мумкин аст, ки то имрӯз роҳи ҳалли худро наёфтаанд.

1. Мавҷуд набудани ҳуҷ-ҷатҳои меъёрии танзимкунандаи таҳсилоти фарогир. Асосҳои ҳуқуқии таҳсилоти фарогир ҳуҷҷатҳое пазируфта мешаванд, ки дар онҳо меъёрҳои байналмилалии соҳаи таҳсилоти кӯдакони маъюб муайян карда шудаанд, ба монанди “Конвенсияи ҳуқуқи қудак”(1989), “Эъломияи ҷаҳон оид ба наҷот, ҳифз ва рушди кӯдакон” (1990), “Қоидаҳои стандартӣ оид ба ташкили имкониятҳои баробар барои одамони маъюб” (1993), Декларатсия дар бораи рушди таҳсилоти фарогир (1994) ва ғайра.

2. Омодагии нокифояи кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯйи кор бо модели таълимии таҳсилоти фарогир. Омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (оммавӣ), ки ҳеҷ гоҳ бо хусусиятҳои таълими кӯдакони дорои мушкилоти гуногуни саломатӣ дучор нагардидаанд, бо вуҷуди он ки аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд, аксаран дониши кофӣ, маҳорати истифодаи шаклу усул ва методикаи махсуси таълимро надоранд. Барои воридсозии кӯдак ба раванди таҳсилоти самарабахш таҷрибаашон камӣ мекунад. Баъзе омӯзгорон барои он хилофи татбиқи таҳсилоти фарогир мебошанд, ки раванди таҳсилоти мазкур ба онҳо душвории иловагӣ пеш меорад, вале ҳавасмандии назарраси моддӣ надорад.

3. Омода набудани аҳли ҷомеа, махсусан, волидони кӯдакони солим ба таҳсили кӯдакони дорои маҳдудияти саломатӣ бо хонандагони солим. Волидони кӯдакони солим аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки таҳсили якҷоя бо кӯдакони дорои маҳдудият сифати таҳсилоти кӯдакони онҳоро паст мекунад ва ғамхории аз ҳад зиёд нисбат ба ин гуна кӯдакон бар зарари дигар хонандагон хоҳад шуд. Ҳамаи ин аз зарурати амалӣ намудани таълими психологӣ-педагогии тамоми аҳолӣ ва омӯзиши махсуси волидайн, хонандагони солим ва омӯзгорон шаҳодат медиҳад. 

4. Маблағгузории нокифоя ба таҳсилоти фарогир ва мавҷуд набудани воситаҳои махсуси техникии таълимӣ барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд. Ҳангоми ба муассисаи таҳсилоти умумӣ қабул кардан онҳо бояд бо воситаҳои махсуси техникӣ, аз ҷумла, кӯдакони ношунаво ва камшунаво - бо таҷҳизоти баландсифати электроакустикӣ, кӯдакони дорои маҳдудияти узвҳои такягоҳӣ - роҳгардӣ бо аробачаҳо, лифтҳо, кӯдакони дорои маҳдудияти биноӣ - бо воситаҳои махсуси навгониҳои техникӣ таъмин карда шаванд.

5. Муҷаҳҳазгардонии каби-нетҳои дарсӣ, хизматрасонии тиббӣ, ҳуҷраҳои табобатӣ, биноҳо барои логопед ва машғулиятҳои ислоҳкорӣ бо дефектолог ва психологҳо, ки аз рӯйи модели таҳсилоти фарогир кор мекунанд, амри зарурӣ ва тақозои замон аст.

 6. Набудани системаи дастгирии тиббӣ, психологӣ-педагогӣ ва иҷтимоӣ барои кӯдакони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ дар таълимгоҳҳо. Бе омӯзгорони махсус, ки бевосита дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (оммавӣ) кор мекунанд, роҳандозӣ намудани таҳсилоти фарогир ғайриимкон аст. Раванди таълими кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ бояд аз ҷониби психолог, омӯзгор, логопед, мутахассис-дефектолог мунтазам ва мақсаднок дастгирӣ шавад. Ин дастгирӣ натанҳо корҳои махсуси ислоҳотӣ-ташаккулиро бо кӯдакон дар шакли корҳои фардӣ ва гурӯҳӣ фаро мегирад, балки бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, коллективҳои педагогӣ, кӯдакон ва волидон сару кор мегирад.

Барои ҳалли проблемаҳои дар боло зикршуда зарурати қабули барномаи комплексӣ оид ба рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

Бояд гуфт, ки мушкили асосӣ дар ин самт норасоии мутахасисони соҳибтаҷриба мебошад. Аз рӯи омор дар факултаи  дефектологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамагӣ 149 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ин теъдод хеле кам аст.

Ҳамчун як модар ва омӯзгор бисёр мехостам, ки масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораҳои заруриро андешанд, то мо дар оянда аз норасии кадрҳои соҳибтахассус азият накашем. Дар асоси Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил барои ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ бояд аз рӯйи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон сурат гирад, аммо мушоҳидаи кормандони Ташкилоти ҷамъиятии кумитаи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди «Интизор»-и шаҳри Бохтар собит менамояд, ки хунукназарӣ нисбат ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад. Аз набудани шароити дуруст зумрае аз кӯдакони маъюб ба таҳсили комил фаро гирифта намешаванд. Бархе аз волидайн розӣ намешаванд, ки фарзанди маъюбашон пас аз синфҳои ибтидоӣ боз таҳсили худро идома диҳад, зеро бештари омӯзгорон нисбат ба саводомӯзии чунин атфол кам аҳамият медиҳанд. Ҳамкорӣ бо мутахассис-равоншинос дар ягон мактаб дида намешавад, ки ин хеле ташвишовар аст. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони кишвар, новобаста аз миллату нажод ва сатҳи имконият барои таҳсил ҳуқуқи якхела доранд. Аз нигоҳи камина, ҳамчун омӯзгори собиқадор, модар ва парастори кӯдаки дорои имконияти маҳдуд бо назардошти имконият дар байни хонандагони имконияташон маҳдуд дар асоси низомномаи махсус гузаронидани озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ зарур аст, зеро барои баланд бардоштани ҳолати равонии ин қабил толибилмон таъсири мусбат мерасонад.

Боиси таассуф аст, ки дар аксари муассисаҳои таълимӣ роҳравҳои махсус, ба истилоҳ «пандус» мавҷуд нест, аз ин рӯ, дар бисёр маврид волидайн, парасторон ва ё наздикони кӯдакони имконияташон маҳдуд азоб мекашанд. Бовар дорам, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мушкилиҳои мавҷуда дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф мегарданд. 

 

Зебунисо Қосимова,

омӯзгори забон ва

адабиёти мактаби №33,

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,

роҳбари ТҶКВКИМ «Интизор»-и шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш