Нашрияи Омӯзгор

15 ҷинояти 6 ноболиғ 15 ҷинояти 6 ноболиғ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

 Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори умум дар бораи вазъи корҳои таълиму тарбия ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот, масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохиливу ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва аз бунёди як қатор иншооти ҷашнии дигар хабар дод. Ҳамзамон, аз қонуншикании ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, дар ним сол рӯйдоди 15 ҳолати ҷиноят аз тарафи 6 ноболиғро (агарчи нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як ҳолат кам аст) ташвишовар номид. Аз бунёди чандин иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, таъмири 54 муассисаи таълимӣ ва ба соли нави хониши 2020--2021 омода намудани онҳо қаноатмандӣ изҳор карда бошад ҳам, бо сабаби то ба имрӯз наёфтани маблағи кофӣ таъмир нашудани баъзе муассисаҳои таълимиро вазъи ҳалталаб номид.

 

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш