Нашрияи Омӯзгор

Эҳтиёҷи 28 таълимгоҳ ба азнавсозӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ба иттилои раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода, дар давраи ҳисоботӣ баҳри беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия як қатор корҳо  анҷом ёфтаанд. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пешорӯ бунёду таъмири 38 муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 96 синфхонаи иловагӣ, 4 толори варзишӣ пешбинӣ шуда, корҳои бунёдкорию созандагӣ оғоз гардидаанд. Барои бо сару либоси мактабии ватанӣ таъмин намудани мактаббачагон дар ин давом байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи ҶДММ «Самоӣ К» ва сеххои дӯзандагии маҳаллӣ (ба 21 ҳазор нафар хонанда либоси мактабӣ) шартнома баста шудааст. Бо мақсади дастрасии фарзандони оилаҳои камбизоат ба либоси мактабӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 16 ва 29 коргоҳҳои хурди дӯхти сару либоси нисбатан арзони мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари пешравиҳо Рустам Раҳматзода аз чанд камбуди соҳа  низ ибрози назар намуд.

 - Эҳтиёҷ ба сохтмони муассисаҳои таълимии нав бо назардоршти афзоиши аҳолӣ, ки ҳамасола беш аз 1300-1500 нафар хонанда зиёд мешавад, набудани муассисаҳои таълимӣ дар 9 деҳаи навбунёд, аз нав сохтани бинои 6 муассисаи таълимии ҳолаташон садамавӣ, бартараф намудани мушкилоти 28 муассисаи таълимӣ, ки ба азнавсозӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ доранд ва норасоии мизу курсӣ масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли худро мехоҳанд, - афзуд дар хотимаи нишаст раиси ноҳия Р. Раҳматзода. 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш