Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши забон бо бозиҳои зеҳнӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Фаъолгардонии хонандагон зимни омӯзиши забони англисӣ, аз масъалаҳои муҳим дар методикаи таълими ин фан ҳисобида мешавад.

Яке аз роҳҳои самарабахши ҳалли ин масъала, шомил намудани бозиҳои гуногун ба ҷараёни таълим мебошад. Академики академияи улуми педагогии Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллозода қайд менамояд, ки “атфол  ба бозӣ бештар майлу ниёз доранд, ки ин табиатан хоси онҳост ва ин нуктаро равоншиносон низ ёдрас шудаанд”. Равоншиноси машҳур Лев Виготский ҳанӯз дар аввали қарни XX ба аҳамияти бозӣ зимни омӯзиш диққати махсус дода, иброз намудааст, ки кӯдакон тавассути бозӣ маҳорати фикркунӣ, ҳалли мушкилот, муошират бо ҳамсолон ва ҳаракатҳои мураттаби баданро сайқал медиҳанд.   Истифодаи бозиҳо дар таълими забони англисӣ  имкон медиҳад, ки омӯзгор фазои мусоиди психологӣ ва фазои эҷодиро дар дарс муҳайё карда, хонандагонро ба омӯзиши  ин фан ҳавасманд намояд, маърифати кӯдаконро рушду такомул бахшад. Истифодаи бозӣ ба кӯдак имконият медиҳад, ки бо изтироб, шармгинӣ, тарс аз хатоӣ мубориза барад, иқтидори эҷодии худро боз ҳам бештар ошкор кунад ва ба худаш боварӣ пайдо намояд.

Бешубҳа,  интихоби бозиҳои мушаххас барои лаҳзаҳои дилхоҳи дарс  аз маҳорати педагогӣ ва тахайюлоти муаллим низ вобастагии калон дорад.

Дар асоси таҷрибаи кориам дар литсейи Оғохон ва чун роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони забони англисии ин муассиса зимни мушоҳидаҳои дарсҳои омӯзгорон ба хулоса омадам, ки истифодаи бозиҳо дар дарси забони англисӣ барои самарабахшии таълиму тарбия ниҳоят муфид мебошанд. Барои намуна дар зер якчанд намудҳои бозиро, ки дар дарсҳо истифода мебарам, мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳам:

Ҳикоя бо хатоиҳо ( Story with mistakes)

Ин фаъолият маҳорати гӯшкунии хонандагонро беҳтар гардонидаба таври бозӣ ташкил карда мешавад. Омӯзгор ба хонандагон ягон ҳикояро нақл мекунад, ё ягон хонанда ин корро иҷро мекунад. Вай кӯшиш мекунад, ки ҳамаи воқеаҳои ин ҳикояро нақл кунад. Баъд аз ин хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, як хонанда бори дигар ҳикояро нақл намуда, ба хатоиҳо роҳ медиҳад. Аз гурӯҳҳо хоҳиш карда мешавад, ки ин хатоҳоро ёбанд. Кадом гурӯҳе бисёртар  меёбад, ғолиб мебарояд.

Пурсиши вазифаи хонагӣ (Homework review )

Омӯзгорон баъзан барои пурсиши вазифаи хонагӣ вақти зиёди дарсро сарф мекунанд ва ин фаъолият барои самаранокии истифодаи дарс ва шавқовар гузарондани он хеле мувофиқ аст.

Омӯзгор хонандагонро ду нафарӣ шинонда, онҳо ҷавобҳои вазифаи хонагии иҷрокардаашонро муқоиса мекунанд. Дар мавриде ки бо ҷавоби ҳамдигар розӣ набошанд, бояд исбот кунанд, ки ҷавоби онҳо дуруст аст ва барои чӣ. Омӯзгор ин равандро хомӯшона назорат намуда, барои худ қайд мекунад.

Ҳикояи нотамом (The unfinished story)

Ин фаъолият маҳорати фикрронӣ ва эҷодкории хонандагонро сайқал медиҳад.

Омӯзгор ба нақл кардани ҳикояе шурӯъ мекунад. Ба хонандагон вақт дода мешавад, ки дар гурӯҳҳояшон хулосаи ин ҳикояро фикр кунанд. Онҳо байни ҳам фикрҳояшонро муқоиса намуда, хулосаи мувофиқро пайдо менамоянд. Баъд аз он, ҳар як гурӯҳ хулосаи худро пешкаш намуда, беҳтаринҳо ғолиб мебароянд.

Сайлӣ  НАВРӮЗБЕКОВА,

омӯзгори забони  англисии

литсейи Оғохон, шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш