Оила дар ҳама давру замон асос ва пойдевори ҷамъият буд ва ҳамин гуна боқӣ мемонад. Мувофиқи таҳқиқоти омории солҳои 90-уми асри гузашта, дар олам шумораи оилаҳои хушбахту саодатманд аз ҳисоби соҳибкасбони илмҳои дақиқ, назар ба оилаҳои аз касбҳои дигар барпокарда бештар ба қайд гирифта шудааст.
Профессор А.Сатторзода дар мақолаи «Шеър, математика ва рушд» ( «Адабиёт ва санъат», аз 30.04.20) хеле бамаврид қайд кардаанд, ки ба масъалаи инсонгарӣ кунонидани илмҳои дақиқ, аз ҷумла, математика бояд диққати махсус дода шавад, то донишҳои андухтаи шогирдон аз ин фанҳо ба ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонфаҳмии онҳо ба усулу меъёри рафтору гуфтори рӯзмарраи онҳо мубаддал гардад. Чандест мо дар бораи саволи «оё таълими математика дар вуҷуди толибилм поя ва принсипҳои ахлоқиро асос гузошта метавонад?» андеша мекунем. Умуман, математика ҳамчун «шоҳи фанҳо» дар шароити муосир чӣ гуна метавонад дар ҷамъият нақши арзанда дошта бошад?
Математика ягона фанне мебошад, ки онро дар тамоми сайёра, аз зинаи аввал то зинаи охири таълим ҳама меомӯзанд. Ҳангоме ки устод ба хонанда фанни математикаро меомӯзонад, дар навбати аввал ӯ фикри онро мекунад, ки завқи хонандаро ба омӯзиши ин фан бедор созад, дар майнаи ӯ принсипҳои тафаккури мантиқиро такомул ва тақвият бахшад. Дар назари аввал, моро гӯё чунин ҷавоб қонеъ месозад: модом ки математика касро ба дақиқпазирӣ ва хулосаи дақиқ баровардан талқин мекунад, бояд дар ботини инсон тозакорӣ ва ҳақиқатнигориро ҷой диҳад, ки ин худ ба ахлоқи ҳамида хеле наздикӣ дорад. Баъдан, омӯзгори математика ба он мусоидат мекунад, ки дар замири хонандагон шавқу рағбати пеша инкишоф дода шавад ва онҳо аз дониши гирифта тавонотар гашта, бо методҳои ададӣ ва миқдории дониш мусаллаҳ гарданд. Майл ба донишандӯзӣ моҳияти ахлоқӣ дорад.
Баъзеҳо чунин ақидаи ботилро тарафгирӣ мекунанд: азбаски математика дар вуҷуди инсон ахлоқро тарбия намекунад, дар ҷавонон ахлоқро инкишоф намедиҳад, ба ғайр аз ин, дар тарбияи ватанпарварии ӯ саҳм надорад, ҳиссаи соатҳои математикаро дар барномаи мактабӣ кам карда, соатҳои камшударо ба фанҳои дигар, аз ҷумла, ба адабиёт ва таърих илова кардан лозим, зеро маҳз ин фанҳо дар замири ҷавонон хислатҳои номбаршударо тарбия мекунанд. Дар ҳамин ҷо саволи дигаре ба миён меояд. Оё тарозуе вуҷуд дорад, ки он дараҷаи таъсир расонидани ин ё он фанро дар симои маънавии ҷавонон чен кунаду баҳо диҳад? Агар чунин маълумоти оморӣ ҷамъ овардаву кор карда мешуданд, мо дар асоси онҳо ба ягон хулоса меомадем. Модом ки то ҳол касе ин гуна маълумотро ҷамъ наовардааст, пас, баровардани хулосаи умумӣ низ дар ин бора барвақт аст ва асоси воқеӣ ҳам надорад.
Далелҳои алоҳидаи мавҷуда гувоҳӣ медиҳанд (ва ба хулоса меоранд), ки дилхоҳ фанн аз ҷумла, фанҳои гуманитарӣ низ имконияти додани донишҳоро доранд, вале ахлоқро тарбия намедиҳанд, симои маънавии инсонро тағйр намедиҳанд. Аз зинаи якуми таҳсил сар карда, мо бояд дар фаҳмиши хонанда он фикрро тарбия намоем, ки ӯ кори супоридашударо худаш бо масъулияти баланд ва бо сифати аъло анҷом диҳад. Маҳз хамин тарзи тарбия дар хонанда ва шахсият таъсири асосии тарбиявӣ мегузорад, характерҳоро ташаккул медиҳад, қадру қимат ва манзалати комили шахсиятро тарбия менамояд, ӯро водор месозад, ки ҳар як супориши пешниҳодгардида бояд хуб анҷом дода шавад ва ҳар коре, ки ба ӯ супорида шудааст, маҳз аз ҷониби худи ӯ иҷро карда шавад. Аз ҳад зиёд тарафгирӣ ва ҳимоя кардани бачаҳо аз корҳои, бигузор ночиз, вале дилгиркунанда, дар ботини онҳо анъанаи тайёрхӯриро бедор месозад ва инкишоф медиҳад. Вале ин як қисми кори тарбиявӣ буда. зарур аст, ки дар хонандагон (ва на танҳо дар онҳо) одати зерин мустаҳкам нақш бандад: рафтори онҳо барои муҳити атроф нороҳатӣ эҷод насозад ва дар умум, ҳам барои шаҳрвандон ва ҳам барои ҷомеа хатар эҷод накунанд. Баъзан, бо ҷавононе дучор омадан мумкин, ки онҳо дар роҳ, дар бозор, дар нақлиёт ва ғ. рост истода, ба дигарон монеа эҷод мекунанд ва бо гуфтори дағали хеш табъи касро хира месозанд. Саволи дигаре ба миён меояд, ки куҷо шуданд он суханони бузургони адабиёти гузаштаи мо, оё онҳо аз дарсҳои адабиёт ва таърихи пурғановати миллатамон бардоште ҳосил карда натавонистанд? Шояд соатҳои ин фанҳоро камтар карда, аз ҳисоби онҳо соатҳои фанҳои дақиқ ва математикаро зиёдтар гардонем, то шогирдон дар оянда ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мухталиф банд гашта, ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм рафта тавонанд ва вақти пурарзиши хешро баҳри касб омӯхтан сарф намоянд? Тавре омӯзгори намоёни шуравӣ А.И.Маркушевич барҳақ гуфта буд: «Касе аз хурдсолӣ ба омӯзиши математика машғул мешавад, диққат ва майнаи худро машқ медиҳад, иродаи хешро мустаҳкам менамояд, баҳри мақсадҳои дар зиндагӣ гузоштааш расидан устуворӣ ва матонатро тарбият медиҳад». Ҳамчунин, яке аз педагогҳои бузурги Шӯравӣ А.Я.Хинчин дар навиштаҳояш доир ба аҳамияти тарбиявии дарсҳои математикаи мактабӣ чунин гуфтааст: «Таҷрибаи чандинсолаи ман, ҳамчун омӯзгори математика далолат медиҳад, тасдиқ кунам, ки кор дар дарсҳои математика номаълум ва ноаён дар инсон як қатор хислатҳоеро тарбият менамояд, ки онҳо дар тарбияи ахлоқию маънавии ӯ ҷойи намоёнро ишғол карда, тамоми умр ҳамқадаму ҳамсафари ӯ мегарданд. Аз ин хислатҳо чортоашонро номбар месозам: поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, истодагарӣ ва матонат ».
Дар ҳақиқат, кор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бароям собит сохт, ки донишҷӯёни факултаҳои фанҳои дақиқ, пеш аз ҳама, факултаи механикаю математика назар ба дигар факултаҳо, аз ҷумла, иқтисодӣ, таърих, ҳуқуқ ва ғайра хоксортар, фурутан, боинтизому самимитар буда, тартибу низоми дохилии донишгоҳ аз ҷониби онҳо хубтар риоя карда мешуд. Шояд ин ҷо талаботи таълими математика бошад, ки хонандаро водор месозад, то ӯ бештари вақти худро ба омӯзиши илм сарф карда, ба корҳои беҳуда машғул нашавад? Ман ташаккули ҳамин хислатро дар донишҷӯёни факултаҳои макотиби олии равияҳои техникӣ, амсоли Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москва низ пайхас карда будам.Онҳо низ дар дарсҳо, семинарҳо ва баҳсҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзиданду вақтро беҳуда нагузаронида, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯ ва омӯзиш буданд.
Аз таърихи илми табиатшиносӣ як баҳси илмиеро мисол меорам, ки дар он ҳангоми ҳалли муноқишаҳо ва баҳсҳо ҳар яке аз тарафҳо факту далели сершумор оварда, мехост, ки баҳсро ба фоидаи хеш анҷом диҳад ва далели овардаи тарафи муқобилро қабул кардан намехост. Хушбахтона, математика дар ҳалли ин масъала нақши довариро бозида, дар умум, ҳам ба илмҳои табиӣ фоидаи бузург расониду ҳам ба илмҳои дақиқ.
Дар асрҳои миёна дар масъалаи чӣ гуна шакл доштани сайёраи Замин, дар байни ду гурӯҳи олимони бонуфуз Исаак Нютон (1643-1727) ва пайравонаш- аз як тараф, инчунин олими франсуз – Кассини (1648-1720) бо ҳамроҳонаш - аз ҷониби дигар, баҳсҳои пурҷӯшу хурӯши илмӣ ба миён омада, ба муноқишаи байнигурӯҳӣ табдил ёфта буданд, ки боиси ёдоварӣ аст. Кассини тасдиқ мекард, ки Замин ба тухм монанд аст ва аз қутбҳои шимолӣ ва ҷанубиаш барҷаста мебошад. Нютон бошад, бо тарафдоронаш бар он ақида устувор буданд, ки Замин дар натиҷаи дар гирди меҳвараш тоб хӯрдан, аз қутбҳояш андаке пачақ мебошад. Ҳар як тарафи даъвогар тарафи дигаро дар дур будан аз илм гунаҳкор мекард, ҳатто ба таҳқиру мазаммати ҳамдигар даст мезаданд ва далелҳои овардаи тарафи муқобилро қабул кардан намехостанд. Ин баҳси илмӣ дар замони дар ҳаёт будани ин ду олим ҳалли худро пайдо карда натавонист. Пас аз фавти ин олимони забардаст, соли 1735 Академияи фанҳои Париж қарор кард, ки ин баҳси илмиро ба манфиати яке аз тарафҳо ҳал кунад. Бо ҳамин мақсад аз ҳисоби донандагони илмҳои математика ду экспедитсияи илмӣ созмон дода, якеро ба Перу (ба қарибии хати Экватор) ва дигареро ба доираи қутби шимол (ба сарҳади байни Финландия ва Шветсия) равона сохт. Ин маконҳо дар ҳамон як меридиани ҷуғрофии Замин ҷойгиранд. Мақсади ҳар ду экспедитсия аз он иборат буд, ки чанд километр будани андозаи 10-и меридиани Заминро дар ин манотиқ муайян намоянд. Кори экспедитсияҳо дар шароити ниҳоят вазнин беш аз 8 сол идома ёфт. Натиҷаҳои ченкуниҳо дуруст будани ақидаи Нютонро собит сохтанд. Баъдтар маълум гашт, ки дарозии камони ба 10 баробари меридиани Замин дар Экватор ба 110 км 576 м ва дар наздикии қутби шимолӣ ба 111 км 696 м рост меомадааст. Ҳамин тавр, ошкор гашт, ки Замин на шакли кураи идеалӣ, балки шакли сфероидро дошта, аз қутбҳояш андаке пачақ аст. Зиёда аз ин, аниқ карда шуд, ки радиуси қутбии Замин аз радиуси экватории он 21 км 382 м кӯтоҳтар будааст. Дар натиҷа ба баҳси илмии 35 - солаи табиатшиносон методи триангулятсияи математика хотима гузошта тавонист.
Дар байни илмҳо танҳо математика аз чунин кашмакашиҳо дур асту халос. Ҳанӯз Эйнштейн қайд карда буд: «Аз байни ҳамаи илмҳо танҳо математика соҳиби эътибори хоса аст; ҳолат ё хислати ягонае, ки инро асоснок менамояд - вазъи мутлақ ва бебаҳси тасдиқоти он мебошанд, ҳоло он ки вазъи илмҳои дигар то андозае баҳснок буда, ҳамеша хавфи онҳоро бо кашфиёти нав рад кардан ба миён меояд» . Дар ҳақиқат, агар ҷумлаи математикӣ исбот нашуда бошад, вай умуман ба ганҷинаи илм қабул намешавад, ба хаёли касе намояд, ки онро тарафгирӣ кунад: агар дурустии он исбот шуда бошад, ба ҳаққонияти он касе шубҳа намекунад, онро ҳамчун ҳақиқати мутлақ қабул мекунанд ва мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳеҷ гуна ҳолати фосилавиро математика намеписандад.Баҳсҳои беҳударо дар раванди ҳалли проблемаи гузошташуда ва исботи далелҳои илмии пурарзиш ё чаласаводон мекунанд ё фиребгарон ё беморони рӯҳӣ. Математика ягон воситаи сохтакориро намеписандад. Ин тозакориҳо ба хотири мазмуни илми математика буда, онро ҳамчун ганҷинаи хиради умумибашарӣ ба таври софу беолоиш, аз ҳар гуна ифлоскорӣ ҳифз менамоянд.
Дар илми математика низ баҳсҳои илмие ҷой доранд, ки барои дурусту бехато ҳал карданашон садсолаҳо лозим омадааст.Яке аз чунин баҳсҳои тӯлонӣ дар мақолаи А.Шарифзода ва О.Саймуҳиддинов «Теоремаи Ферма ва кашфиёти навини математикӣ» («Маърифати омӯзгор, с.2019, № 7) оварда шудааст. Дар бораи як масъалаи одии математики фаронсавӣ олимону ихлосмандони математика зиёда аз 350 сол фикр карданд ва дар баробари исбот кардани он ба пайдоиши як шохаи нави ин илм асос гузоштанд.
Олими бузурги Аврупо -нобиғаи ҳама давру замонҳо Леонард Эйлер (1707-1783) таъкид карда буд, ки маҳз математика дар навбати аввал моро аз фиреби ҳиссиёт ҳифз карда ёд медиҳад, ки аз як тараф ашё дар асл чӣ тавр сохта шудаанд ва аз тарафи дигар, онҳо дар тасаввури мо чигунаанд: ин илм қоидаҳои боварибахшро соҳиб аст ва касе ба онҳо пайравӣ мекунад, барои ӯ фиреби назар бегона аст».
Ҳар як математик хеле барвақт ба он одат мекунад, ки дар ин илм кӯшиши ба ин ё он воситаи ғаразноке худро ҳақ баровардан ҳатман ӯро ба нокомӣ дучор хоҳад кард. Чунин ҳолате ки дар он далели хато ё то охир асоснок нагардида пешниҳод мегардад, барои математика хос нест ва дар ин илм вуҷуд надорад. Бинобар ин, математик хеле зуд ба он одат мекунад, ки дар илми ӯ танҳо далелҳои боварибахш, дақиқ, шаффоф, ки аз ҳар гуна ғараз дуранд, ҷой дошта метавонаду халос. Ҳатто хонандаи мактаб низ ба ҳамин хислат одат мекунад. Ӯ ба зудӣ боварӣ пайдо мекунад, ки бо суханпардозии сохтакорона ё бо ҳарзагӯӣ ба дили омӯзгори таҷрибадори математика роҳ ёфтану ӯро фирефта кардан, худро саводнок муаррифӣ намудан далели хомро ҳамчун пухта нишон додан, маънӣ надорад. Шогирд ҳар қадаре табиатан дурӯғгӯ набошад ҳам, дар дарси математика эҳтиёт мекунад, ки ҳалли хато ё исботи бардурӯғро ҳамчун далели ҳақ баррасӣ намояд.
Бо далелҳои муътамад, қотеъона ва объективона тасдиқ кардани ҷумлаи овардашуда хоси мутахассиси соҳаи математика мебошад.Ин хислат дар мафкураи хеш истодагарӣ кардан ва ақидаи дурустро на ба хотири касе, балки ба хотири ҳақиқат дастгирӣ кардан аст. Мо ҳамеша чунин хислатро дар одамон меписандем ва мушоҳида мекунам, ки он маҳз дар зери таъсири дарсҳои математика ва бо илми математика ҷиддӣ машғул шудан, умуман, дар шахс мавҷуд будани тафаккури мантиқӣ инкишоф меёбад. Агар шахс ба рост гуфтану дуруст андеша рондан унс гирад ва ҳамаи сохтакориҳоро сарфи назар намояд, ин маънои онро дорад, ки ӯ инсони ҳақпараст, ҳақиқатҷӯ аст, ки ин яке аз хислатҳои нодири инсони хушахлоқ аст.
Мо ба хусусиятҳои вазифаҳои супоридаи устодони соҳаи математика дар дарсҳои хеш аҳамият медиҳем, ки онҳо аз вазифаҳои супурдаи устодони фанҳои дигари таълимӣ тавофут доранд:
1. Дар супоришҳои мате-матикӣ мақсади гузошташуда аниқ буда, кадом натиҷаро интизор шудан муайян аст. Ин гуна хислатро, супоришҳо дар мавзӯъҳои таърих, фалсафа, адабиёт ё забон ва адабиёти рус пешниҳодгардида доро нестанд. Дар чунин супоришҳо натиҷа номуайян аст. Хонанда метавонад онро тағйир диҳад, дигаргун созад, боз идома диҳад, зеро натиҷаи он маълум нест. Дар математика бошад, вазъ дигар аст. Агар супориш аз ҳалли масъала ё исботи ягон теорема иборат бошад, то дараҷаи хеле аниқ муайян аст, ки дар кадом маврид ин супориш иҷрошуда ҳисоб меёбад. Ҳамаи он навиштаҳо, ки барои шарҳ додани ҳалли масъала ё исботи теорема оварда мешаванд, инчунин, ҳусни хат, хатои грамматикӣ ва ғайра дар назари омӯзгор ва дар назари хонанда аҳамияти дуюмдараҷа дошта, қимат ё арзиши ҳалкунанда надоранд. Дар ин маврид ба сифати супориш баҳо дода мешавад: масъала бояд дуруст ҳал карда шавад ё теорема бояд аниқ исбот карда шавад. Натиҷаи иҷрои супориши математикӣ барои хонанда аҳамияти муҳим дорад. Он барои тақвияти хислатҳои нодир- истодагарӣ, устуворӣ, қатъият, суботкорӣ ва ба мақсади гузошташуда расидан хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
2. Фарқи дигари супоришҳои математикӣ дар аксар мавридҳо дар ошкор сохтану инкишоф додани истеъдод мебошад. Агар дар дигар фанҳо иҷрои супориш аз хонанда донишу малакаи муайянро талаб кунад, ҳалли масъалаҳои математикӣ, чун қоида кашфиёти хурдро ба хотир меорад, ки муҳокимарониҳои пайдарҳами мантиқии ба мақсади гузошташуда ҳидояткунандаро ифода мекунанд.Маҳз хамин хислати таҳкиқоти гузаронидани супориши математикӣ аз дигар фанҳо дида, қувваи заковати ҷавони мактабхонро ба худ бештар ҷалб мекунад. Касе, ки ақаллан як маротиба аз кашфи эҷоди чизи нав шаҳд бардошта рӯҳбаланд гардида бошад, ҳеҷ гоҳ кӯшиши бори дигар дар ботинаш ҳис кардани ин шаҳдро аз даст намедиҳад.
3.Супоришҳои математикӣ хеле кӯтоҳ, мӯҷаз навишта шуда, мазмуни баланд доранд, ҳоло он ки ҷумлаҳои фанҳои дигар, аз ҷумла, фанҳои ҷамъиятӣ ин хусусиятро камтар доранд ё умуман надоранд.Ҷумлаҳои каммазмун дар аксар фанҳои таълимӣ дучор меояд, ки ба манфиати таълим нестанд. Кӯтоҳбаёнӣ ва мухтасар навиштани мақсад хоси илми дақиқ (математика) аст. Вай суханпардозиро намеписандад ва ба фанҳои дигар низ инро талқин медиҳад.
Модоме ки омӯзиши математика бо тарбияи инсони комили ҳаматарафа инкишофёфта иртибот дошта бошад, пас математикаро фанни инсонпарвар ( ё гуманитарӣ) номидан мумкин аст.
Хушнуд аз онем, ки масъалаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, аз ҷумла, математика, дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2020-2040 бардошта шуд. Дар ин хусус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Фармон қадами ҷиддӣ дар ин ҷода аст. Ҳамзамон, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассиси ин фан хоҳиш дорам, ки барои таъсис додани маҷаллаи алоҳидаи илмӣ- оммавии «Табиат, илм ва тафаккури техникӣ» аз ҳисоби мутахассисони илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ мусоидат намояд. Бовар дорам, ки таъсиси чунин маҷалла дар кори дар амал татбиқ гардидани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри иҷрои чорабиниҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар асоси фармони номбурда таҳиягардида мусоидат хоҳад намуд.
Асадулло Шарифзода,
дотсенти ДМТ, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр