Нашрияи Омӯзгор

Саркаш

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

25 январи соли 2018 дар шумораи №43–и нашрияи “Омӯзгор” бо унвони “Душвортарбия не, балки...” мақолаи банда ба нашр расид, ки дар он ба ҷойи “душвортарбия” истифодаи “кӯдакони эҳтиёҷманди таҳсилот” пешниҳод карда шуда буд.

Аз ҷониби идораи нашрия чунин посух омад: “Истилоҳе лозим, ки нишонрас бошад, аммо корро душвортар нагардонад. Хуб мешуд мутахассисон ва алоқамандони соҳа ба ин баҳс шарик шуда, истилоҳи ихчаму мувофиқеро  муайян намоянд”. Вобаста ба ин, аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳаҳои илмҳои педагогикаю психология ва аҳли маориф пас аз баҳсу андешаҳои ҷолиб истифодаи  вожаҳои” саркаш”,  “саркарда”. “каҷрафтор”, “оворагард”, “бад-рафтор”, “авбош”, “қонуншикан”, ”ҷинояткор” ва ғайраҳо пешниҳод шуданд. Се вожаи аввал нисбат ба баъдинаҳо беҳтару мувофиқтар ба назар мерасад ва шояд ба иззати нафси хонандагони каҷрафтор чандон сахт нарасад. Дар заминаи ҷонибдории бештари иштирокдорони машваратҳо вожаи “саркаш” беҳтар дониста шуда, ҳамагон ба чунин қароре омаданд, ки онро минбаъд ба ҷойи ”душвортарбия” истифода баранд. Мантиқ он ҷост, ки аксарияти пайравони низоъҳоро саркашҳо сарварӣ мекунанд.

Чунон ки дар мақолаи “Душвортарбия не, балки...” оварда шудааст, “Ҳарчанд ки вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир ба пешгирии ҷиноятсодиркунии  хонандагони тарбияашон душвор конфронсу семинарҳо ва мизҳои мудаввар ташкил кардем; мақолоту дастурҳои методӣ ва рисолаҳои илмӣ ба табъ расонидем; бо дастгирии ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба вохӯрии мактабиён ва падару модарон ҷалб намудем ва дигар тадбирҳои назоратию фарогирии хонандагонро ба таҳсил ба иҷро расонидем, вале то ҳанӯз дар гӯшаю канорҳои шаҳру ноҳияҳои марказӣ падидаҳои номатлуби қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон ҷой доранд”.

Назорату мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  чи дар мактаб, чи дар хонадон, чи дар кӯчаю ҳавлиҳо, чи  дар мағозаю бозорҳо, чи дар гулгашту хиёбонҳо ва чи дар нақлиёту коргоҳҳо бо калимаи «душвортарбия» муроҷиат кардани ҳамсинфону ҳамсолон, омӯзгорон,падару модарон, ҳамсоягон ва  хешу таборон барои наврасону навҷавонони ҳам мактабхону ҳам берун аз таълимгоҳҳо монда  гӯшхарошу дилбазан ва маҳкумкунанда аст. Худ қазоват намоед, хонандагони гиромӣ, ки чунин муроҷиати маҳкумкунанда магар наврасонро ислоҳ мекунад, ва ё ба роҳи росту дуруст ҳидоят менамояд? Ҳаргиз! Такрор ба такрор шунидани чунин калимаи гӯшхарош барои наврасу навҷавон ғашовар аст. Пас, бояд тарзи гуфтору муомилаи ботамкину эҳтиромонаро нисбат ба чунин шогирдон раво бинем, яъне гуфтори дурандешонаи мо нисбат ба ислоҳи рафтору кирдори номатлуби фарзандон бояд бо рукни меҳру шафқат ва рафоқат сурат бигирад, самимияту ғамхорӣ дар он эҳсос шавад. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки аз баҳри истифодаи калимаи «душвортарбия» ва ибораи «хонандагогони тарбияташон душвор» гузарему истифодаи калимаи “саркаш”-ро авло донем. 

 

И. Давлатшоев,

номзади илмҳои педагогӣ,

докторанти Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш