Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наз-димактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд. Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хосса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд.
Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Хобгоҳ дар масоҳати қариб 2 гектар қомат афрохта, дорои шароити муосири истироҳату фароғат ва таълиму тарбия барои насли наврас мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтану аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда хидмат ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Тарбиятгирандагони ин интернати наздимактабӣ дар навбати худ ба Сарвари ғамхору ятимпарвари худ барои фароҳамсозии чунин шароити арзандаи таълиму тарбия миннатдории ҳамаҷониба баён доштанд. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон дар мамлакат имкон додааст, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар карда шуда, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор гиранд.
Президенти мамлакат ба 50 нафар кӯдаки ятим кумакҳои пулӣ тақдим намуданд, ҳамазамон барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Ҳамчунин, аз тарафи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагон 20 адад компютер тақдим карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид доштанд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи хосса дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо ҳамасола тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр