Ҷаласаи назди мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр бори аввал тариқи онлайн баргузор гардид. Мудир оид ба мазмуну муҳтавои ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, ки онлайн баргузор шуда буд, маълумот дод. Сипас, ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ доир ба раванди корҳои беҳдоштӣ, безараргардонӣ ва захираи маводҳои поккорӣ дар муассисаҳои таълимӣ шунида шуд. Ҳамчунин, Муҳайё Акмалхӯҷаева ҷиҳати омодагӣ ба ярмаркаи лавозимот ва либоси мактабӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2020-2021 ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Бояд гуфт, ки ҷаласаи онлайнии мазкур бо мусоидати кормандони маркази технологияи информатсионӣ ва комунникатсионии назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр