Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти  МТС тақвият меёбад

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Маркази тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати давлатии Пешвои миллат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи нақшаҳои корӣ дар дувоздаҳ самт фаъолияти худро ба роҳ монд. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИ Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши АМИ Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат амалӣ намуд.

Бино ба иттилои директор, дар нимсолаи якум дар марказ аз Донишгоҳи славянии тоҷикӣ – русии Тоҷикистон 43 нафар, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе - 8, ДДОТ ба номи С. Айнӣ – 11, ДССХ – 8, ДТТ – 2, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -13 нафар таҷриба омӯхтанд.

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш