Нашрияи Омӯзгор

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

(Посух ба бадкешони миллат) 

Аз ҳофизаи таърихи куҳан пора-пора сафҳаи зардшудаи сарнавишти талхи мозиро дармеовараму чун дуди таҳбатаҳ оташдор ба худ мепечам, раҳ мепӯям, бехабар аз он ки дармегирам, хомӯшона фарёд-рас меҷӯям, то бигӯям, ки бо қудрати Кирдигор як ҳазору сад сол пас дар сарзамини тоҷикон боз насими истиқлол вазид. Истиқлоле, ки ҳазорсолаҳо боз орзумандаш будем. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате арзи ҳастӣ намуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Истиқлолияти давлатӣ таҷассуми заҳматҳои шаборӯзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хусусияти умумимиллиро парвариш дода, ҳамватанон дар симояш ҳомии забону фарҳанги аслии хешро диданд. Аз ин зовия дастуру ҳидоятҳои омӯзандаашро ба ҷон пазируфта, баҳри созандагиву бунёдкорӣ рӯзгори нав ба сар гирифтанд. 

Нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар он аст, ки муноқишаҳои дохилиро барҳам зада, сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуданд. 

Тарбияи мутахассисони касбияташон воло ва зеҳнияташон қавӣ аз масоили умдаи рӯз маҳсуб мешавад. Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» заҳмати даҳсолаи коршиносонро дар бар мегирад. Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба рушду нумӯи ҷомеа ва қабули консепсияҳои нав сабаб гардидаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2,5 ҳазор мактаби замонавӣ бо тарҳи наву таҷҳизоти муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мамлакатро аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ бахшиду сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло рафт.    Паёмҳои ҳамасолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба рӯзгори сокинони диёр беҳбудӣ бахшидааст.

Боз як фазилати Пешвои миллат он аст, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи давлат мутахассисонеро ба саҳнаи сиёсат меоранд, ки мактабдидаву дардошнои мардуманд.  

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” назари хешро аз вазъияти басо ҳассосу мураккабе, ки ҷаҳон зери таъсири бемории COVID-19 мондааст, баён дошта, баробари нақши боризи табибони ҳозиқ саҳми рӯзноманигоронро низ ҷиҳати аз тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари вақт паҳн кардани ахбори зарурӣ зикр менамояд. Аммо ба идомаи суҳбаташон таъкидомез чунин изҳор медорад: “Аммо баъзе аз рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурӯғ ва буҳтонҳои зиёд ...  халалдор карда истодаанд.” 

Ақрабнафасоне дар ҳавои созу савти бегона тинҷиву оромиши кишварро намехоҳанд. Масалан, хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод фақат аз камбуд мегӯянд: ё як хонаи селзадаро ба намоиши видеоӣ мегузоранд, ё “қаҳрамон”-еро меёбанд, ки аз ҳарду дунё дасту дил шуста, ”мудерн”-и замон шудааст! Ё ҳеҷ набошад, дар бораи кадом як зани худро оташзада ҳангома меороянд, ки аслан ба иллати бемории рӯҳӣ ин ҳодиса рух додааст. 

Наход, ки дар як давлати дорои қариб 10 миллион нафар аҳолӣ доштаи Тоҷикистон комгорӣ вуҷуд надошта бошад? Магар шумо  ободгариҳои дар замони истиқлол ба амал омадаро намебинед?   Магар ҳаводиси Сурияву Ироқу Фаластину Афғонистон ва дигар мамолики ҷангзада бароятон сабақ намешавад? 

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, барои миллати “сахтҷон”, бояд сабақи якумрӣ шавад. Дидем, ки думравони мансабталошу хурофотпараст, нимчамуллову “қориён”-и аз тафсири Қуръони Карим фарсахҳо дур аз минбари баҳманмоҳи хунини солҳои навадум чӣ гуна вазъ мегуфтанд. 

Афроди бедори миллатҳои мутамаддин ба кайҳон рафта, василаи омӯзиши таркиби ҷирмҳои осмонӣ кашфиёти нодир дар сайёраи Миррих имкони эҳёи наботот-ҳаётро пешгӯӣ карда бошанд ҳам, уламои дину фанни мо сол аз дувоздаҳ моҳ асири ихтилофҳои мазҳабӣ, баҳси саллаву дастори кӯтоҳ, хаму рости ангушти ишоративу талаффузи арабии «валаззолин» бо «зод»-и «изғӣ», имлои «ӯ»-ву «ӣ»-и дароз бо «вов»-и маъдуларо то ҳол ба тафовуқ нарасонидаанд. 

Хабарнигори Радиои “Озодӣ” Шаҳлои Гулхоҷа -гӯё бо равиши нав бошад!- дар байн  афкори ду тоҷикро ҳакамӣ мекунад. Кӣ намедонад, ки Кабирӣ, раиси Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, бо дастгирии хоҷагонаш фирорӣ гашта, бар зидди ҳамватанонаш дандон тез кардааст? Ҳатто вай дар посух ба суолҳои ҳамсуҳбаташ Собир Валиев худро нороҳат ҳис мекунад.

Мусаллам аст, ки Кабирӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон шахсият ва ё чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангӣ набуд. Ақаллияти наҳзатиён ба Муҳиддин ва ҳамтоёнаш эътиқод надоштанд. Иғвою дасиса, якдигарнофаҳмиву кашмакаш дар байни ҳизбиёни наҳзат ба ҳадде авҷ гирифта буд, ки коршиносони байналмилалӣ Ташкилоти террористиву экстремистӣ унвонаш карданд. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба даъвиҳои бепояи Кабирӣ латма мезанад. Баромадҳои Нуриддин Ризоӣ дар барномаи “Висоли Ҳақ” кал додари кӯрро мемонад. 

Як бор муборизаи ҳақталошонаи Спитамени диловар бо Искандари Макдуниву сипоҳиёнашро ба ёд биёред, ки чӣ миқдор мардону занони суғдӣ ба қатл расида буданд. Тактикаи ҷангӣ ва зиракии сиёсии Спитамен нагузошт, ки душман дар ватани ӯ ҳукмраво бошад. Бале, ҷон бохт, вале ба душман таслим нашуд. 

Устоди зиндаёд Бозор Собир қаблан гӯиё ин амалҳои разилонаи гумроҳони миллатро саропо эҳсос намуда, ба дифои Сармеъмори сулҳу ваҳдати миллӣ бархоста буд:

Номи туро нависем, эй

қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи

Қасри миллат!

 

Сипеҳр Абӯабдуллоҳи

Ҳасанзод,                               

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш