Нашрияи Омӯзгор

Таҳсили ройгон

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Мактаби муттаҳидаи техникии назди ташкилоти ҷамъиятии  мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабули ҷавонони то синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба курсҳои таҳсили ройгони ронандагӣ оғоз кард. Дар маросими даъвати тирамоҳӣ 22 нафар ҷавони таҳсилкарда соҳиби гувоҳномаи ройгони ронандагӣ мешаванд. Ҳамзамон, дар раванди таҳсил дар мактаб барои хонандагони мактабҳои вилоят ва ҷавонони синни даъват маҳфилҳои гуногун, мисли «Мерган», «Десантчии ҷавон», «Алоқачӣ» ва ғайра доир мегардад. Раиси ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят Зафар Давлатов ташкили курсҳои омӯзиши ройгони ронандагиро баҳри баланд бардоштани маҳорати ҳарбӣ ва сайқал додани ҳисси ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки ташаббуси ВМКБ оид ба пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заҳмати омӯзгорон ва тарбияи ҳадафмандонаи  падару модари онҳо шаҳодат медиҳад.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш