Нашрияи Омӯзгор

Иштироки 19 нафар дар озмун

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок идома медиҳад, -қайд кард зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада  Муҳриддин Низомӣ.  – Ҳоло дар донишкада 2 лоиҳаи  Бонки ҷаҳонӣ  ва  4 лоиҳа – мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Дар донишкада бо мақсади ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сараввал байни донишҷӯёни факултаҳо ва баъдан дар чор давр озмуни донишкадавӣ баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун (28 апрели соли 2020), аз 50 нафар донишҷӯ 19 нафар барои ширкат дар озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод, вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 дар донишкада 2 даври озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” гузаронда шуд. Баъд аз  ҷамъбасти давраҳои донишкадавӣ 22 нафар ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод шуданд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш