- Не нагӯед, агар духтаратон он ду ятимро тарбия карда ба воя расонад, шояд ба ӯ ҳам Худо фарзанд ато кунад. Дунё ба умед гуфтаанд.
- Не, гуфтам, не, гап якто. Духтарамро ба марди зани урус гирифта намедиҳам, боз ду фарзандаш будааст.
- Як фикр кунед, духтаратон Роҳилахон ду маротиба шавҳар карда рӯи фарзандро надид, ҳамин кӯдакони бегуноҳи бемодар мондаро тарбия кунад, шояд ба мурод расад. Оқибат падари Роҳила розӣ мешавад, ки духтарашро ба Маъмурҷон ба занӣ диҳад…
Аз хатми ҷанг ду сол сипарӣ гашта бошад ҳам, аз Маъмурҷон хабаре набуд. Модар ҳар рӯзу шом аз Худо талаб мекард, ки писарашро саломат ба наздаш баргардонад. Оқибат нолишаш мустаҷоб гашту хати писарашро гирифт. Ӯ аз шифоёбии худ хабар дода гуфтааст, ки то аввали баҳор ба Ӯротеппа бармегардад.
Рӯзе дарвозаи ҳавлӣ кушода шуду ҷавони сару либоси низомӣ дошта бо як зану духтарча вориди ҳавлӣ гардид. Модар ин ҳолро дида ҳуш аз сараш парид. Охир, ӯ барои писараш келин ҳам ёфта монда буд, вале писараш бо зану фарзанд омад. Бар замми ин, зани ҳамроҳаш омада ҳомиладор буд. Ба саломи модари Маъмурҷон зан бо табассум ҷавоб доду «Ваша внучка» - гуфта духтараш Рамзияро ба кампир муаррифӣ кард. Модар хам шуда аз рухсораи кӯдак, ки ба писараш шабоҳат дошт, бӯсида, онҳоро ба рӯи кат таклиф намуд. Маъмурҷон ба модараш фаҳмонид, ки агар ҳамин украиндухтар ӯро аз анбӯҳи ҷангалзор дарёфта, ба хонааш оварда табобат намекард, зинда монданаш даргумон буд…
…Солҳои баъдиҷангӣ дар таваллудхонаҳо шароит хеле бад буд. Аксари занони маҳаллӣ дар хонаҳои худ таваллуд мекарданд. Ҳангоми зодани фарзанди дуввум Полина сахт азият кашид. Кӯдак ба олам омаду Полина аз хунравии зиёд рӯи писарчаашро надида, аз олам чашм мепӯшад.
Кӯдакро Ёдгор ном гузоштанд. Ӯ ғаш мекард, лабонашро ин сӯ-он сӯ карда, синаи модар меҷуст… Модари Маъмурҷон буридаи нонеро гирифта ба пиёла реза карда, оби онро ба кӯдак мехӯронд, аз ҳамсоя шир қарз гирифта, бо об омехта ба Ёдгор медод. Маъмурҷон ҳанӯз бекор буд. Ӯ рӯзе ба модараш гуфт, ки ба шаҳри дигар рафта кор меҷӯяд. Ҷавон «Тарбияи фарзандонам акнун ба шумо», гуфта аз хона баромада, ба шаҳри Тошканд меравад. Он ҷо дар корхонаи бофандагӣ ба кор мепардозад. Аз нахустин моҳонааш барои фарзандону модараш либос харида, ба назди модараш меояд ва рӯзгори гарони онҳоро дида, боз ба кор ба шаҳри дигар меравад.
Ҳамкорон аз ҳаёти вазнини Маъмурҷон воқиф гашта, маслиҳат медиҳанд, ки бо ҷавонзане хонадор шавад. Ба ӯ хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи боло зане ҳаст, ки ду маротиба шавҳар карда фарзанд наёфтааст. Шояд барои кӯдак бори сеюм ба шавҳар барояд…
Рӯзи дуюми хонадоршавӣ Роҳила ба шавҳараш Маъмурҷон муроҷиат карда гуфт:
- Ман барои тарбияи кӯдак ин ҷо омадам. Худи пагоҳ ба Ӯротеппа рафта, кӯдаконро биёред, ман тарбия кунам.
Маъмурҷон ба зодгоҳаш омаду воқеаи зангириашро ба модар баён кард ва гуфт кӯдаконро наздаш мебарам.
Баробари ба шаҳри Тошканд ба ҳавлиаш расидан Ёдгори ҳафтмоҳаро бо духтараш Рамзия ба дасти занаш Роҳила дод.
Роҳила кӯдакро пайваста навозиш кунад ҳам, аз гиря боз намеистод. Ниёиш кард, ки эй Худованд, раҳми ҳамин кӯдакро хӯр, ба синаҳоям шир ато кун.
Бо ашки сӯзон ба даҳони кӯдак пистони худро гузошу тамоми баданаш ба ларза даромад. Роҳила ҳис кард, ки чизе ба нӯги пистон омада истодааст, аз пистонаш шир берун мешавад. Ӯ ашки шодӣ мерехт. Шод аз он буд, ки Ёдгорҷони ҳафтмоҳаро шир дода метавонад.
Вақте ки Маъмурҷон аз кор баргашт Роҳила ҳодисаро ба ӯ нақл кард. Ӯ дар ҳайрат монд; дар зане, ки таваллуд накардааст, чӣ хел шир пайдо шудааст. Ин муъҷиза аст
Аз ин муъҷиза хешу таборон бохабар шуда, ба табрики навхонадорон омаданд. Ҳама шодӣ доштанд.
Пас аз соле Роҳила худ ҳомиладор шуда, духтараки зебоеро таваллуд кард ва ба ӯ Машкура ном ниҳод.
Рамзия, ба модараш ёрӣ мерасонд. Ба Ёдгорҷон, ки роҳгард шуда буд, нигоҳубин мекарду гаҳвораи Машкураро меҷунбонд. Дар ин хонадон боз 5 фарзанд ба дунё омаданду ҳамаашон ба воя расида, соҳиби касбу ҳунар шуданд. Маъмурҷонбобо ва Роҳилахола умри дароз дида, дар ҳалқаи фарзандон давлати пирӣ ронданд.
Сайфулло Маҳкамов,
рӯзноманигор,
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр