Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷи тиббӣ дар Вахш

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш Майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», коллеҷи тиббӣ, Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти мазкур аз гармхонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.

Зимни боздид аз сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон, дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш