Нашрияи Омӯзгор

Бохтар: ғолибон қадрдонӣ шуданд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Бохтар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян карда шуданд. Муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода зикр намуд, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба хондан, таҳкими фарҳанг, рушди тавонмандии  эҷодӣ, тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ғанигардонии ҷаҳони маънавии аҳолӣ мебошад.

Ғолибон аз рӯи панҷ бахши озмун мукофотонида шуданд.

Ғолибони ҷойҳои аввал бо 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 800 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо  600 сомонӣ сарфароз гардиданд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш