Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳо қонеъкунандаанд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020, №240  дар бораи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» номи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат» ба муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» иваз карда шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ректори донишкада Убайдулло Асрорзода. 

Бино ба иттилои У. Асрорзода, раёсати таълими  донишкада ҷиҳати таъмини низоми босифати таҳсилот силсилаи тадбирҳои нақшавӣ ва ҷориро амалӣ намуд. Дар ин давра барои  пешбурди раванди таълим аз рӯйи ихтисосҳои риштаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ иҷозатнома гирифта шуда, донишҷӯён аз рӯйи ин ихтисосҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Тайи ин муддат аз фанҳои таълимии бахшҳои  гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ бисту ду китоби дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастури методӣ таҳия ва нашр гардиданд.

Раёсати таълим Стандартҳои олии касбиро аз рӯйи 23 ихтисоси амалкунандаи донишкада бо дарназардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар намуда, барои ташхис ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард. Ду маротиба дар шаш моҳи соли ҷорӣ гурӯҳҳои таълимӣ – академӣ мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шуд, ки тибқи натиҷаҳо донишазхудкунии шогирдон ба 81, 3 фоиз расидааст.

Бо дархости маъмурияти донишкада ба мақоми ваколатдор дар ноҳияи Варзоб барои ташкили Маркази таълимӣ – таҷрибаомӯзии «Сайёҳ» барои донишкада қитъаи замин ҷудо карда шуд. Пас аз омодагии ҳамаҷониба таҷрибаомӯзии ҷавонон маҳз дар ҳамин марказ сурат хоҳад гирифт. Миқдори компютерҳо дар донишгоҳ   ба 719 адад расонида шудааст. Дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи 18 ихтисос 403 нафар донишҷӯ зинаи бакалаври таҳсилоти олии касбӣ ва 89 нафар донишҷӯ шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, 46 нафар бахши магистратураро   аз рӯйи шаш ихтисос бомуваффақият  хатм намуданд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш