Нашрияи Омӯзгор

Ба 83 нафар дипломи аъло супорида шуд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ректори он Шукрулло Хайрзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод.

- Дар ин давра фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва  тақвияти сатҳи касбияти устодон чораҳои мушаххас андешида шуд, - зикр намуд. Ш. Хайрзода.

Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 15 доктори илм, 144 нафар номзади илм ва дар маҷмӯъ, 338 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд.

Ба иттилои  ректор, дониш-гоҳро имсол аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил 1561 нафар  хатм намуданд. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 83 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 39 нафар зиёд мебошад.

Дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси устодон аз қабили «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – иртиботӣ дар раванди таълим», «Омӯзиши низоми фосилавӣ», «Маҳорати педагогӣ», инчунин, курси омӯзишии «Ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ташкил карда шуда, омӯзгорон дар онҳо малакаи худро мукаммал гардонданд. Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон се китоби дарсӣ, ёздаҳ монография, шонздаҳ   дастури методӣ ба нашр расонида шуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш