Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ректори он, профессор Муъмин Шарифзода аз дастовардҳои муассиса маълумоти мухтасар дода, иброз дошт, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардиданд. Айни замон дар муассисаи таълимӣ таҳсил аз рӯйи 39 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
-Дар донишгоҳ конфронси «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», семинари илмию назариявии ”Муаммоҳои мубрами фанҳои риёзӣ ва татбиқи онҳо” бо ҷалби олимону мутахассисони соҳаи математика, озмуни “Истеъдод” барои дарёфти навоварон ва ихтироъкорони ҷавон ҷиҳати татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузаронида шуданд, - таъкид дошт роҳбари донишгоҳ.
Донишҷӯёни мо дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интернет-олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷӯён аз фанни математика иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд.
Дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот 1 нафар рисолаи докторӣ, 5 нафар рисолаи номзадӣ ва дар Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ 4 нафар рисолаи илмӣ ҳимоя карданд. 3 омӯзгор соҳиби дипломи дараҷаи номзади илми Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, 1 нафар-аттестати профессорӣ, 2 нафар аттестати дотсентӣ ва 4 нафар сазовори дипломи дараҷаи номзади илми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Лоиҳаҳои грантӣ, аз қабили лоиҳаи «Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилоти фосилавӣ», лоиҳаи мобилӣ дар якҷоягӣ бо Элейн Мковн, менеҷери байналмилалии рушди коллеҷи минтақаи Ҷанубу Шарқӣ (SERC) (Бритоняи Кабир) оид ба мубодилаи омӯзгорони донишгоҳ... татбиқ шуданд. Ҳамчунин, барномаҳои гуногун ва як ихтирои ҷадид бо номи “Санитайзер”-таҷҳизот барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ (антисептикӣ) рӯйи кор омад.
Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ҳоло 11 донишҷӯи донишгоҳ дар муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр