Нашрияи Омӯзгор

Донишномаи донишкада ба нашр мерасад

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар оғози нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов ректори ин мактаби олӣ, профессор Шодӣ Сафаров бо сипосмандӣ зикр намуд, ки кормандони ВАО дар такмили фаъолияти донишкада, тарғиби комёбиҳои варзишгарон ва ифшою бартарафсозии чанде аз камбудию норасоиҳо нақши шоиста мегузоранд. Зикр гардид, ки дар давоми нимсолаи сипаригаштаи соли равон донишкада, пеш аз ҳама, дар такмилу тақвияти сатҳи таълиму тарбия ба комёбиҳои шоиста ноил гардид. Вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» як қатор тадбирҳои муҳим андешида шудаанд ва аз ҷумла, бо ин ҳадаф конфронси донишгоҳӣ баргузор гашт. Айни замон донишкада дар заминаи низоми кредитии таҳсилот фаъолият дорад ва вобаста ба ин нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо ва дастурҳои дахлдор таҳияву таҳрир ва тасдиқ шудаанд. Сессияи гузаштаи донишҷӯён нишон дод, ки сатҳи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯён 89,24%-ро ташил медиҳад. Моҳи феврал шогирдони факултаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ машғул шуданд.

Дар донишкада, махсусан, ба тарбияи шоистаи донишҷӯён таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Бо ин мақсад пайваста дасрҳои кушоди тарбиявӣ, ҳамоишу ҷашнвораҳо, вохӯриҳо ва конфронсҳо созмон дода мешаванд. Чунончи, ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ дар донишкада вохӯрии тантанавӣ бо афсарону кормандони варзидаи соҳаи ҳарбии мамлакат созмон дода шуд. Ҳамчунин, бо ширкати масъулини ВКД-и ҷумҳурӣ бо гурӯҳи калони донишҷӯён дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунем» ҳамоиши пурмуҳтавое  баргузор гардид, ки дар мафкураи ҷавонон таъсири амиқ гузошт. Дар донишкада рӯзҳои шанбеи ҳар моҳ рӯзи ободонӣ ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст. Танҳо дар арафаи Ҷашни Наврӯз дар саҳни таълимгоҳ ва атрофи он беш аз 3000 бех гул шинонда шуд. Конфронси илмию назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи «Стратегияи мубориза бо экстремизм ва терроризм» низ барои донишҷӯён хеле муассир ва омӯзанда буд. Дониҷӯёни донишкада дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишии шаҳру ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ректори донишкада дар бораи комёбиҳои донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ батафсил ҳарф зада, зимнан мисолҳои фаровоне овард. Зикр гардид, ки варзишгарони ҷавони донишкада дар як қатор мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ба пирӯзӣ расиданд ва Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд.

Дар охир Ш.Сафаров ба як қатор суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта, иттилоъ дод, ки соли оянда донишкада 50-сола мешавад ва ба ин муносибат як силсила чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор хоҳанд шуд. Аз ҷумла, олимони донишкада аз ҳоло ба таҳияи «Донишномаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ» омодагӣ доранд.

А.Илёспур,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш