Бисёр воқеъ мешавад, ки инсонҳоро дар иртибот ба истеъдод гурӯҳбандӣ мекунанд: боистеъдод ва беистеъдод. Вале донишманди аврупоӣ Стиве Вондер бар хилофи ин сон тафовутбахшист. Ӯ барҳақ мегӯяд: «Тафовути инсонҳо дар доштан ва надоштани истеъдод нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст».
Абдулқодири Раҳим аз қаламкашони воқеан ҳам соҳибистеъдод буда, дар эҷодиёташ паҳлуҳои истеъдоди баланди хешро бисёр хуб ба ҷилва овардааст. Ҳар чӣ менависад, бо амри дил, дар заминаи мушоҳидаҳову бардоштҳояш аз гузашти айёму ҳаводиси рӯзгор менависад. Ҳам ба назм гаравиш дораду ҳам ба наср, дар рӯзноманигорӣ низ дасти боло дорад ва солҳои тӯлонист, ки дар нашрияи бонуфузи мамлакат – «Ҷумҳурият» ба сифати масъули бахши фарҳанг ва маънавият кор мекунад.
Китобҳои ин адиби пуркор ва иродатманд, ки бо номҳои «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешон», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина», «Духтари афсонаҳо», «Пайванди марзҳо ва дилҳо», «Домони абр», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Оби дари хона хира нест»... ба нашр расидаанд, далели возеҳи ҷилваи истеъдоди комили ӯ мебошанд ва таъкид бар он мекунанд, ки муаллифашон истеъдоди худро пайваста вусъат мебахшаду асарҳои гуногунжанру рангинмуҳтаво эҷод менамояд. Адиб ва рӯзноманигори муваффақ Абдулқодири Раҳим соли равон боз як китоби навашро бо номи «Рангҳо» пешкаши алоқамандони каломи бадеъ намуд, ки қиссаи «Рангҳо» ва романи «Марг»-ро дар бар мегирад. Ба китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки ҳамеша ба дастгирии истеъдодҳои шоиста ва рӯйдодҳои навину гуворои адабӣ садо баланд мекунад, сарсухани фишурда, вале фарогире бо унвони «Бо сабку андешаҳои ғайриқолибӣ» навиштааст. Адиби маъруфи тоҷик барҳақ таъкид мекунад: «Абдулқодир ба иншои масъалаҳое рӯ меорад, ки таҳқиқи бадеияшон бисёр муҳим мебошад». Воқеан ҳам, ҳар ду асар дар китоби нави А.Раҳим сабку услуби нисбатан тоза доранд ва ба масоиле дахл мекунанд, ки перомуни онҳо дар адабиёти муосири тоҷик бисёр кам сухан ба миён омада. Маҳз неруи истеъдод ва вусъати ҷаҳонбиниаш ба адиб имкон додааст, ки ҷилои рангҳоро дар меҳвари андеша кашида, бар ин замина як асари навгунаву муассир ва пурмазмун офарад. Рангҳо ахлоқи инсонҳоро, андешаву азму омоли онҳоро, зоҳиру ботини онҳоро ифодагарӣ мекунанд, моҳияти зиндагии инсонҳо, асли рухдодҳои ҳаёт ва ҳатто, ҳикмати мамотро тавсиф мебахшанд. Нависанда ҳамбаста бо ҳодисоти рӯзгор, лаҳзаҳои дар назари аввал камрангу ҷузъии зиндагӣ гӯшзад ба хонандагон мекунад, ки рангинии ҳаёти мо аз рангҳост, шинохту дарки хусусиёту моҳияти рангҳо донишу маърифати моро такмил мебахшад, барои фаҳми асли ҳастӣ бароямон мадад мерасонад.
Романи «Марг» андеша-ҳои нависандаро дар қиссаи «Рангҳо» тақвият бахшидааст. Дар ин асар низ ҷанбаи фалсафию маърифатӣ бартарӣ дорад ва ҳама ҳодисот бо марг пайвастагии қавӣ дарёфтаанд, ёдкарди марг ва андеша аз он инсонҳоро вомедорад, ки нисбат ба гузашти лаҳзаҳову рӯзҳову моҳҳову солҳои умр бепарво набошанд, аз баракату маънии зиндагӣ биандешанд, аз байти маъруф «Ҳар шаб зи худат бипурс, агарки мардӣ, К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ» ёд оваранд, бикӯшанд, ки нақше судовару мондагор дар ҳошияи лаҳзаҳои умр гузошта бошанд. «Марг ҳамеша ҳушдорамон медиҳад, то зиндагиро дӯст бидорем», - ин аввалсухани муаллиф дар романи «Марг» аст. Мулоҳизаву андешаҳо, сатрҳои ҳикматрез, таҳлилу баррасиҳо, сувари хаёл, корбасти санъатҳои бадеӣ, хати сужа... дар қиссаи «Рангҳо» ва дар романи «Марг» аз истеъдоди фитрӣ, дониши мукаммал доштани нависанда ва огаҳии вусъатманди ӯ аз масоили ирфонию мазҳабию фалсафӣ дарак медиҳанд. Адиби тозакор дар ин асарҳо, ба вижа, аз рамзу ривоят, ирсоли масал, ташхису талмеҳ, ки дар адабиёти классикии мо бисёр маъмуланд, бамавриду устодона истифода бинмудааст ва ба ин васила, ба асарҳои тозааш таровату шукӯҳи вижае эҳдо кардааст. Ба мушоҳида мерасад, ки адиби фарохназар дар нигоштаҳояш аз лаҳзаҳои ҳаёти хеш ва атрофиёнаш мавридшиносона ва чун омили тақвиятбахши сужаи асар истифода бурдааст.
Абдулқодири Раҳим дар арсаи адабиёти тоҷик нахуст чун шоири соҳибистеъдод ва навҷӯ шинохта шуда буд. Адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров борҳо вобаста ба ашъори ӯ ибрози назар кардаву ба китобҳои назмиаш, аз ҷумла, дар иртибот ба тозагии афкор ва сабку услуби эҷод баҳои баланд додааст. Ҳунари шоирии адиб ба эҷодиёти насрии ӯ бетаъсир намондааст. Ҳангоми эҷоди осори насрӣ низ Абдулқодири Раҳим бисёр шоирона – равону самимӣ, бавазн, пуробуранг сухан мегӯяд, аз санъатҳои бадеӣ васеъ истифода мебарад. Ба ин қитъа аз қиссаи «Рангҳо» таваҷҷуҳ намоем: «Дӯстонатро нашинохтӣ. Душманатро дӯст хондӣ. Чунки рангҳо туро фирефтанд. Сухан ҳам ранг дорад. Ту аз он наандешидаӣ. Овозу задаҳо низ ранг доранд. Агар ранг надоранд, чаро рангҳои буруну даруни моро дигар мекунанд? Ту аз рангҳои ман гуфтӣ, ту ранги сиёҳи маро вонамуд кардӣ, нишон додӣ, аммо чаро аз рангҳои худ нагуфтӣ, чаро аз сиёҳиҳои худ наандешидӣ?»
Дарвоқеъ, ҷанбаҳои истеъдоди қаламкаш чун ба ҳам печиш мехӯранд, сухани ӯро гиротару рангину дилчасптар ва ҳадафгиртар месозанд ва асари аз ҳар нигоҳ тозае ба миён меоваранд.
Китоби «Рангҳо»-и Абдулқодири Раҳим истиқбол ёфт, ба баҳои баланди чанде аз адабиётшиносони тоҷик сазовор гашт, перомуни ин китоб чанд тақриз низ ба нашр расид. Ва дар маҷмӯъ, қиссаи «Рангҳо» ва романи «Марг», ки дар китоби мазкур оварда шудаанд, ҳамчун падидаи тозаву нишотбахш дар адабиёти муосири тоҷик эътироф шуданд. Мо низ бар ин хулосаи воқеиятбунёд мувофиқем.
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр