Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқони ҷавон дастгирӣ меёбанд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара барномаи зудамали омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ таҳия гардидааст, ки тибқи он бояд то соли 2021 на кам аз 50 нафар омӯзгор рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ дифоъ намоянд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 11 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, -зикр намуд ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ.  – Барои ҳавасманд гардонидани довталабон ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара ва қарори ҳайати умумии кормандон аз 1 сентябри соли 2019 барои ҳимояи номзадӣ 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Нуралӣ Шоҳиён дар робита ба хатми донишгоҳ ва фаъолияти имрӯзаи мутахассисон зикр кард, ки хушбахтона, хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯзҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳандисию технологӣ ва муассисаҳои таълимию олӣ фаъолияти пурсамар менамоянд. Тавассути тарбияи мутахассисон дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавию ғоибона донишгоҳ дар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳо дар вилояти Хатлон бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ саҳми муассир мегузорад.

Ҳамчунин, тибқи иттилои роҳбарияти ин муассисаи олӣ дар сохтори донишгоҳ «Биржаи озоди меҳнат ва рушди касбияти донишҷӯён», ва «Маркази рушди зеҳнӣ ва болоравии касбии донишҷӯён» созмон дода шудаанд, ки мувофиқи талаботи имрӯзаи меъёрҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар амалисозии стратегияи рушди донишгоҳ, рақобатпазиргардонии кадрҳо дар бозори озоди меҳнат муҳим мебошад.

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш