Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо 95 мактаби олии кишварҳои хориҷӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдусалом Мирализода дар нишасти матбуотӣ вобаста ба фаъолияти омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон гуфт, ки раванди таълиму тарбия дар 6 бино, 10 факулта, 29 кафедра ва аз рӯйи 51 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Теъдоди донишҷӯёни аълохон зиёд шуда, азхудкунӣ дар сессияи ҷамъбастии имтиҳоноти тобистона 91,9%-ро ташкил дод. Дар донишгоҳ айни замон 417 донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. Бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои дохилии донишгоҳӣ заминаи моддӣ - таълимии донишгоҳ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардида, ҳоло дар муассиса 571 адад компютер, 50 адад тахтаи электронӣ, 55 адад видео-проектор, 6 синфхонаи компютерӣ ва 5 синфхонаи лингофонӣ мавҷуд аст. Имсол донишгоҳро аз 1969 донишҷӯ 60 нафар бо дипломи аъло хатм карданд.

Лоиқи зикр аст, ки дар соли таҳсили 2019-2020 бо 95 донишгоҳи давлатҳои хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Тибқи квотаи донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар 31 омӯзгор барои идомаи таҳсил дар аспирантураи давлатҳои ИМА, Ҳиндустон, Хитой ва Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд. Дар ин раванд 4 лоиҳаи гранту бурсия, дар ҳаҷми 3 194 873 сомонӣ ва 93 818 евро мавриди татбиқ қарор гирифт. Тибқи лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ таъсиси лабораторияи муосири биологӣ бо маблағи 11 82 560 сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Хушбахтона, лабораторияи мазкур айни замон дар марҳилаи баҳрабардорӣ қарор дорад. Ректори донишгоҳ таъкид кард, ки раванди таълим дар донишгоҳ тибқи низоми кредитии таълим ҷараён гирифтааст.

- Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас мушкилот ҳам мавҷуд аст, аз ҷумла, фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Мутаассифона, нарасидани хобгоҳ барои донишҷӯён аз шаҳру навоҳии дурдаст мушкилоти зиёдеро эҷод намудааст, - гуфт Абдусалом Мирализода.

 

 

7 медали хонандагон

- Дар соли таҳсили 2019-2020 380 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ ширкат варзида, 19  нафар медали тилло, 40 нафар бо медали нуқра, 89 нафар бо медали биринҷӣ ва 22 нафар  бо ифтихорнома сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ 24 нафар хонандагони синфи 11 ширкат варзида, соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шуданд, - гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Восеъ  Шарбатулло Азизулло дар нишасти матбуотӣ. 

Ба таъкиди раис, бунёду тачдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ аз масъалаҳои асосиест, ки имрӯз  дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 28 синфхона бо тамоми шароити муносиб аз таъмири пурра бароварда шуда, 2 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба муассисаҳои таълимии ноҳия 1998 адад мизу курсӣ барои хонандагон, 89 адад мизу курсӣ барои омӯзгорон, 30 адад тахтаи синфӣ, 13 адад компютер ва 40 адад мизи компютерӣ харидорӣ шудааст.  Тайи се соли охир таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия хеле рушд ёфта, аз як то ба ҳашт адад расонида шуд. Айни ҳол дар назди 15  муассисаи таълимии ноҳия бунёди иншооти ҷашнӣ идома дорад.   

  Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш